Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина 5 деҳа аз дасти низомиёни рус озод шудааст


Низомиёни Украина дар Харков
Низомиёни Украина дар Харков

Ситоди генералии нерӯҳои мусаллаҳи Украина хабар дод, ки панҷ маҳалли аҳолинишинро дар вилояти Харков аз назорати низомиёни рус озод кардаанд.

Деҳаи Александровка, Федоровка, Украинка, Шестаково, Победа ва қисме аз Черкасские Тишкиро низомиёни украинӣ аз русҳо озод кардаанд.

Ба қавли мақомоти Украина, талошҳои Русия барои пешравӣ дар чанд минтақаи дигар низ ноком шудааст.

Рӯзи 5-уми май мақомоти украинӣ эълон карданд, ки нерӯҳои Украина дар вилояти Харков ба ҳуҷум гузаштаанд. То ин дам онҳо танҳо аз худ дифоъ мекарданд.

Хабар мерасад, ки русҳо дар чанд минтақаи дигар низ ақибнишинӣ мекунанд.

Ҷониби Русия вазъ дар Харковро шарҳ надодааст. Дар хабарномаҳҳои ҳаррӯзаи Вазорати мудофиаи Украина танҳо аз зарбаҳои ҳавопаймоӣ ёд мешавад, вале чанд рӯзи охир аз пешравӣ сухан намегӯянд.

Дар шароити ҷанг тасдиқи дурустии иддаои ду ҷониби даргир ғайриимкон аст.

Русия бесабаб рӯзи 24-уми феврал ба Украина ҳамла кард. Садҳо нафар дар ин ҳамла куштаву миллионҳо нафар бехона шуданд.

XS
SM
MD
LG