Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин. Бозиҳои осиёӣ ба таъхир афтод, як бозии дигар бекор шуд


Сабабро ба пандемияи коронавирус дар Чин рабт доданд
Сабабро ба пандемияи коронавирус дар Чин рабт доданд

Бозиҳои 19-уми осиёӣ – Ҳангжоу-2022 ба далели аз байн нарафтани вазъи вобаста ба пандемияи коронавирус дар Чин ба таъхир афтодааст.

Маросим бояд аз 10 то 25-уми сентябри имсол баргузор мешуд. Қарорро дар бораи мавқуф гузоштани бозиҳо пас аз муҳокимаҳои муфассал бо Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи тадорукоти Ҳангжоу-2022 (HAGOC), рӯзи 6-уми май дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) қабул карданд.

Тибқи қарори OCA, ном ва нишони Ҳангжоу-2022 бетағйир мемонад. Санаҳои нави чорабинӣ ҳанӯз бо OCA мувофиқа карда нашудааст. Кумитаи олимпии Чин ва HAGOC дар ин бора ояндаи наздик қарор қабул хоҳанд кард.

Бозиҳои осиёии наврасон – Шантоу-2021 дар ибтидо аз 20 то 28-уми ноябри соли 2021 ба нақша гирифта шуда буд, вале ба далели COVID-19 ба моҳи декабри имсол мавқуф гузошта шуд. Пас аз муҳокима бо Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи тадорукот, кумитаи иҷроияи OCA тасмим гирифт, азбаски Бозиҳои осиёии наврасон аллакай як маротиба ба таъхир гузошта шуда буд, бекор карда шавад.

Бозиҳои навбатии осиёии наврасон бояд соли 2025 дар Тошканди Узбекистон баргузор шавад. Чорабинӣ аз соли 2013, вақте ки Нанҷинг мизбон буд, баргузор нашудааст.

XS
SM
MD
LG