Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ: Коронавирус боис ба марги қариб 15 миллион кас шудааст


Коронавируси навро аввал дар Чин сабт карданд
Коронавируси навро аввал дар Чин сабт карданд

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, бар асари COVID-19 ва таъсири бемории ҳамагир ба низоми тандурустӣ тақрибан 15 миллион кас ҷони худро аз даст додаанд.

Гузориш рӯзи 5-уми май нашр шуд. Омор солҳои 2020 ва 2021-ро дар бар мегирад.

Дар гузориш гуфта мешавад, бештари беморон дар Аврупо, Амрико ва Осиёи Ҷанубиву Шарқӣ фавтиданд.

Мудири СҶТ гуфтааст, теъдоди қурбониён баёнгари он аст, ки ба тақвияти низоми беҳдоштӣ дар ҷаҳон ниёзи фаврӣ ва шадид вуҷуд дорад.

Шумораи зиёди фавтидагон дар Иёлоти Муттаҳида, Бразилия, Ҳиндустон, Русия, Бритониё ва Мексика будаанд.

XS
SM
MD
LG