Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба дастаи Ҳондурас пирӯз шуд


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар бозии дуюмаш дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА (Созмони футболи Аврупо) тими Ҳондурасро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ дар доираи омодагиҳои дастаи мунтахаби наврасони кишвар таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов рӯзи панҷшанбе, 5-уми май, дар шаҳри Скопеи Македонияи Шимолӣ доир гардид. Голҳои Абубакр Сулаймонов, Билол Бобоев ва Масрур Ғафуров ба мунтахаби наврасони Тоҷикистон се имтиёз овард.

Дар бозии дигари даври дуюми мусобиқа дастаи мизбон - Македонияи Шимолӣ мунтахаби Косоворо аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 4:3 (замони асосӣ – 1:1) мағлуб кард.

Қаблан футболбозони навраси тоҷик аз мунтахаби Македонияи Шимолӣ аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 4:5 (замони асосӣ - 3:3) шикаст хӯрда буд.

Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Македонияи Шимолӣ ва Косово чаҳоримтиёзӣ доранд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври сеюми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар шаҳри Скопе 8-уми май бо дастаи мунтахаби наврасони Косово (U-16) бозӣ мекунад.

Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Ҳамагӣ 6 бозӣ доир мегардад. Агар 90 дақиқаи замони асосӣ бо натиҷаи мусовӣ ба поён расад, он гоҳ силсилаи пеналти таъйин мешавад. Барои ғалаба дар замони асосӣ даста се имтиёз, барои пирӯзӣ аз рӯи силсилаи пеналти ду имтиёз ва барои бохт дар силсилаи пеналти як имтиёз мегирад.

Баъди анҷоми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ футболбозони навраси тоҷик ба Душанбе бармегарданд ва дар қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола, ки аз 11-ум то 21-уми май дар пойтахти Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, иштирок хоҳанд кард.

Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1-ум

3-юми май (сешанбе)

Македонияи Шимолӣ – Тоҷикистон – 3:3, аз рӯи пеналти – 5:4.

Голҳои Тоҷикистон: Билол Бобоев (2), Масрур Ғафуров.

Косово – Ҳондурас – 2:0

Даври 2-юм

5-уми май (панҷшанбе)

Ҳондурас – Тоҷикистон – 1:3

Голҳои Тоҷикистон: Абубакр Сулаймонов, Билол Бобоев, Масрур Ғафуров.

Македонияи Шимолӣ – Косово – 1:1. Аз рӯи силсилаи пеналти – 4:3

Даври 3-юм

8-уми май (якшанбе)

14:00 – Македонияи Шимолӣ – Ҳондурас

18:00 – Тоҷикистон – Косово

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

XS
SM
MD
LG