Бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони кишвар ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд, барандаи Ҷоми миллӣ, рӯзи якшанбе, 8-уми май, дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки «Истиқлол» ва Хуҷанд» бори панҷум бо ҳамдигар барои Суперҷом мубориза хоҳанд бурд. Дар чаҳор бозии пешин (солҳои 2016, 2018, 2019 ва 2020) душанбегиҳо пирӯз шудаанд.
Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 бори сездаҳум барпо мегардад. Дар ин муддат ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро соҳиб шудаанд. "Истиқлол"-и Душанбе даҳ бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021) барандаи Ҷоми олӣ гардидааст. Дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб (2013) ва “Ҳосилот”-и Фархор (2017) якборӣ Суперҷомро ба даст овардаанд.
Соли гузашта дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон “Истиқлол” бар “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада буд.
Натиҷаҳои бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2021):
2010. “Вахш" (Қӯрғонтеппа) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013. "Равшан" (Кӯлоб) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014. “Равшан" (Кӯлоб) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Пеналти – 4:3
2016. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017. "Истиқлол" (Душанбе) – ”Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
2018. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2019. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
2020. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1
2021 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - 2:0
2022 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - ?
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?