Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин розӣ шуд, муҳоҷирони узбек то 15 шабонарӯз худро сабтином накунанд


Лаҳзаи бозгардондани муҳоҷирони узбек аз Абхозистон. Акс аз соли 2020
Лаҳзаи бозгардондани муҳоҷирони узбек аз Абхозистон. Акс аз соли 2020

Президенти Русия Владимир Путин созишномаро бо ҳукумати Узбекистон дар бораи соддагардонии тартиби будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламравҳои якдигар имзо кард.

Бар асоси ин созишнома, шаҳрвандони Русия ва Узбекистон метавонанд дар кишварҳои якдигар то 15 шабонарӯз бидуни қайди маҳалли зист ё сабтином бигарданд.

То ин дам шаҳрвандони ду кишвар ҳақ доштанд, то 7 шабонарӯз худро сабтином накунанд.

Ҳукуматҳои Узбекистон ва Русия ин созишномаро соли 2021 имзо карда буданд.

XS
SM
MD
LG