Иттиҳоди Аврупо тасмим дорад, бастаи нави таҳримҳоро алайҳи нафти Русия ҷорӣ кунад.
Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пахши се телевизиони давлатии Русия манъ, Сбербанк ва ду бонки дигари Русияро аз низоми SWIFT берун мекунанд. Дар ин бора роҳбари Кумисюни Аврупо Урсула фон дер Лейен хабар дод.
Иттиҳоди Аврупо, инчунин, нақша дорад, рӯйхати он шаҳрвандони Русияро тартиб диҳад, ки дар ҷиноятҳои ҷангии Бучаи наздики Киеви Украина гумонбар мешаванд. Ба ин тартиб, Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, он шаҳрвандонро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунад.
Ин Иттиҳод ҳамзамон зидди нафти Русия таҳрим ҷорӣ мекунад, аммо ба ду кишвари узви Иттиҳод - Маҷористон ва Словакия, ки аз нафти Русия вобастагии зиёд доранд, иҷозаи хариди нафтро медиҳад.
Ин ду кишвар метавонанд, бар асоси шартномаҳои доштаашон то охири соли 2023 нафти Русияро харидорӣ кунанд.
Барои қувваи қонунӣ гирифтани тарҳримҳои охир ҳамаи кишварҳои Иттиҳод онҳоро бояд қабул кунанд.