Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақсу пойкӯбии Толибон дар канори оромгоҳи Аҳмадшоҳ Масъуд баҳсбарангез шуд


Як наворе, ки дар он зоҳиран аъзои гурӯҳи Толибон дар канори оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи маъруф ва Қаҳрамони миллии Афғонистон, рақси "атан"-ро анҷом медиҳанд, ин шабу рӯз баҳсҳои зиёдеро дар Афғонистон ба миён овардааст.

Пайравони Аҳмадшоҳи Масъуд мегӯянд, "ин амал беҳурматӣ ба фармондеҳ ва нохун задан ба ҳассосиятҳои қавмӣ аст". Аммо Толибон гуфтаанд, "ин кори шахсоне аст, ки барои истироҳат ба Панҷшер рафта буданд".

Дар навори 6-дақиқаӣ, ки ба назар мерасад дар рӯзҳои Иди Фитр сабт шудааст, гурӯҳе аз мардон бо мӯйҳои жӯлида ва ришҳои дароз дар атрофи мазори Аҳмадшоҳ Масъуд дар Панҷшер суруд мехонанду пойкӯбӣ мекунанд. Ин рақс дар Афғонистон хашми бисёриҳоро дар Афғонистон барангехтааст.

Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини раисҷумҳури Афғонистон, дар Фейсбук амали Толибонро маҳкум карда, гуфтааст, "таърифи инҳо аз Афғонистон ҳамин аст, ки мекунанд, яъне тавҳин ва таҳқир ба ҳар касе ки Толиб нест..."

Ориф Раҳмонӣ, узви пешини порлумони Афғонистон дар Твиттер навишт, ин кори Толибон "таҳқир ба мазори Аҳмадшоҳи Масъуд, панҷшериҳо ва ҳурматшикании тоҷикон аст." Бархеи дигар навиштанд, ин кори Толибон "боиси барангехтани низои қавмӣ мешавад".

Ҳукумати Толибон дар вокуниш ба атан ва пойкӯбӣ дар наздикии мазори Аҳмадшоҳи Масъуд гуфтааст, "ин иқдом сиёсати онҳо нест", балки кори касоне аст, ки барои истироҳат ба Панҷшер рафта буданд.

Забеҳуллоҳ Муҳоҷид, сухангӯи ҳукумати Толибон, шаби 4-уми апрел дар Твиттер бе он ки аз Аҳмадшоҳи Масъуд ном барад, навиштааст, ҳадафи афроде, ки мумкин пойкӯбӣ карда бошанд, тавҳин ба шахсиятҳои ҷиҳодӣ нест, балки ба гуфтаи ӯ, "бепарвоӣ"-и чанд фард аст. Сухангӯи ҳукумати Толибон гуфтааст, талош ҷараён дорад, то ангезаи ин амали нодуруст маълум шавад ва аз такрори чунин амалҳо пешгирӣ хоҳад шуд.

Пас аз тасаллути Толибон бар Панҷшер дар ҳашт моҳи пеш, бори дувум аст, ки амалкарди ҳокимони нави Афғонистон бар мазори Аҳмадшоҳи Масъуд, сару садоҳое барпо мекунад. Тирамоҳи гузашта афроди Толибон шишаи оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъудро шикастанд, ки баъдан тармим шуд.

Аҳмадшоҳи Масъуд маъруф ба "Шери Панҷшер" яке аз чеҳраҳои шинохта дар Афғонистон аст, ки дар солҳои 90-ум алайҳи Толибон меҷангид.

Дар замони муқовимат бо раҳбарии Масъуд, Толибон ҳаргиз натавонистанд вориди дараи Панҷшер шаванд. Аҳмадшоҳи Масъуд 9-уми сентябри соли 2001 аз сӯи ду араби узви "Ал-Қоида" дар либоси рӯзноманигор террор шуд.

Раҳбарии нерӯҳои зиддитолибониро дар Афғонистон ҳоло писари ӯ Аҳмад Масъуд ба дӯш дорад. Дар ҳоли ҳозир ҷангҳои пароканда дар гӯшаҳои гуногуни Афғонистон миёни ҷангиёни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва нерӯҳои ҳукумати Толибон идома дорад.

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG