Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ливерпул" ва "Реал" ба финали Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо роҳ ёфтанд


Бошгоҳҳои футболи “Ливерпул”-и Англия ва “Реал»-и Мадриди Испания, ки дар бозиҳои ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА (Созмони футболи Аврупо) дар мавсими 2021/2022 пирӯз шуданд, ба финал роҳ ёфтанд.

«Ливерпул» дар нимфинал аз рӯи натоиҷи ду бозӣ «Вилярреал»-и Испанияро бо ҳисоби 2:0 ва 3:2 мағлуб карда, ба финал баромад. «Реал», ки дар нимфинал “Манчестер Сити”-и Англияро аз рӯи натиҷаи ду бозӣ (3:4, 3:1) шикаст дод, ба финали ин мусобиқаи пурнуфуз роҳ пайдо кард.

Бояд гуфт, ки «Реал» бори 17-ум ба финали Лигаи қаҳрамонҳо роҳ ёфта, 13 маротиба дар ин мусобиқа ғолиб шудааст. «Ливерпул» бошад, бори 10-ум ба финали Ҷоми Аврупо баромадааст ва шаш маротиба дар ин мусобиқа пирӯз гаштааст.

Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА 28-уми май дар варзишгоҳи «Стад де Франс»-и Пориси Фаронса, ки дорои 80 000 ҷойгоҳ барои тамошобинон аст, доир мегардад.

УЕФА 25-уми феврали имсол эълон карда буд, ки бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо дар моҳи май ба далели ҳамлаи Русия ба Украина аз Санкт-Петербурги Русия ба Пориси Фаронса интиқол дода мешавад.

Зимнан, соли сеюм аст, ки пайиҳам интиқоли ғайринақшавии бозии ниҳоӣ ба миён меояд. Ду мавсими пештара, ки бо коронавирус бастагӣ дошт, шаҳрҳои Лиссабон ва Портуи Португалияро аз финал маҳрум кард.

Порис панҷ финали мусобиқаҳои сатҳашон олӣ, аз ҷумла финали аввал дар соли 1956, инчунин дар солҳои 1975 ва 1981-ро дар варзишгоҳи “Парк де Пренс” ва дар солҳои 2000 ва 2006-ро дар варзишгоҳи “Стад де Франс” баргузор карда буд.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG