Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти футболбозони навраси тоҷик дар даври аввали мусобиқаи рушди УЕФА


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА (Созмони футболи Аврупо) аз тими мизбон - Македонияи Шимолӣ – аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 4:5 (замони ососӣ - 3:3) мағлуб шуд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ин бозӣ дар доираи омодагиҳои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов рӯзи сешанбе, 3-юми май, дар шаҳри Скопеи Македонияи Шимолӣ доир гардид.

Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт. Ду голи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Билол Бобоев ва як голро Масрур Ғафуров ба самар расониданд.

Тибқи дастури мусобиқа, дар мавриди бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтани замони асосии бозӣ, ғолибро силсилаи пеналти муайян мекунад. Дар задани зарбаҳо аз масофаи 11 метр кори футболбозони навраси Македонияи Шимолӣ омад кард ва онҳо бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар шаҳри Скопе 5-уми май бо дастаи мунтахаби наврасони Ҳондурас (U-16) бозӣ мекунад.

Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Ҳамагӣ 6 бозӣ доир мегардад. Агар 90 дақиқаи замони асосӣ бо натиҷаи мусовӣ ба поён расад, он гоҳ силсилаи пеналти таъйин мешавад. Барои ғалаба дар замони асосӣ даста се имтиёз, барои пирӯзӣ аз рӯи силсилаи пеналти ду имтиёз ва барои бохт дар силсилаи пеналти як имтиёз мегирад.

Баъди анҷоми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ футболбозони навраси тоҷик ба Душанбе бармегарданд ва дар қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола, ки аз 11-ум то 21-уми май дар пойтахти Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, иштирок хоҳанд кард.

Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1-ум

3-юми май (сешанбе)

Македонияи Шимолӣ Тоҷикистон – 3:3, аз рӯи пеналти – 5:4.

Голҳои Тоҷикистон: Билол Бобоев (2), Масрур Ғафуров.


Косово – Ҳондурас

Даври 2-юм

5-уми май (панҷшанбе)

19:00 – Ҳондурас – Тоҷикистон
19:00 – Македонияи Шимолӣ – Косово

Даври 3-юм

8-уми май (якшанбе)

14:00 – Тоҷикистон – Косово
20:00 – Македонияи Шимолӣ – Албания

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG