Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуи духтаре, ки дилаш чор сӯрох шудааст. ВИДЕО


Орзуи духтаре, ки дилаш сӯрох шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Орзуи духтаре, ки дилаш сӯрох шудааст

Умедаи 4-сола, ки ба гуфтаи пизишкон, дилаш суроғ шудааст, орзу дорад, дар оянда духтур шавад ва кӯдакони мисли худро табобат бикунад. Ӯ ҳоло аз беморӣ ранҷ мекашад ва имкони бозӣ бо ҳамсолонашро надорад.

Умеда бо модару хоҳар ва як бародари хурдсолаш дар хонаи иҷорае дар деҳаи дурдасти Чамани шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад.

Нигора Зубайдуллоева, модари Умеда мегӯяд, духтараш бо чунин беморӣ ба дунё омадааст. “Қалби ӯ чаҳор сурох дорад. Каме бозӣ мекунад, нафасаш мегирад. Боз мегирам дасташро ба хона меорам. Мегӯяд, “оча мон ман равам бозӣ кунам. Чаро маро намемонӣ? Охир мегӯям, боз аҳволат нохубтар мешавад",--гуфт ӯ.

Падари Умеда муҳоҷири корӣ аст ва се сол боз дар Русия қарор дорад. Дар пайи як садамаи нақлиётӣ зарари ҷисмонӣ бардоштааст ва ҳафт моҳ ба ин сӯ имконияти ба зану фарзандонаш фиристодани пулро надорад. Бо маъюб шудани падар, табобати Умеда низ қатъ шудааст. “Ба беморхона бурдем. Гуфтанд, оварда хобонед, ҷарроҳӣ шавад. Рӯзи 25-ум бурдамаш, як ташхиси дигар мондагӣ аст. 2000 сомонӣ даркор аст. Мо бояд бинем, агар ҷарроҳӣ дар ҳаминҷо нашавад, ба кишвари дигар бояд барем,»-гуфт ӯ.

Андӯҳ ва нигаронии модари Умеда дар ҳолест, ки пизишкон ба табобат шудани духтарак бовар доранд.

Виреша Махаҷан, пизишк аз Ҳиндустон, ки дар Душанбе Умедаро ташхис кардааст, мегӯяд, барои табобати чор сӯрохи қалби ӯ ҷарроҳӣ лозим аст. "Умеда ба ҷарроҳии тасҳеҳӣ ниёз дорад. Баъд аз ин ҷарроҳӣ ӯ метавонад зиндагии маъмулӣ дошта бошад,"--гуфт ӯ.

Модар ва Умеда ниёз ба кӯмаки хайрхоҳҳон доранд.

"Дар кӯча хоб мекунам, вале духтарам беҳтар шавад,"--гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон ҷарроҳии қалб гарон аст ва дар бештар маврид онро дар хориҷи кишвар анҷом медиҳанд. Аз ин рӯ, бештари афроди камбизоат, ба ҳукумат ва афроди хайрхоҳ муроҷиат мекунанд, то кумакашон кунанд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG