Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори СММ дар бораи паёмади коҳиши содироти ғалла аз Русия ва Украина


Майкл Фахрӣ, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳаққи ғизо ҳушдор дод, ки таъхири бештар дар содироти ғалла аз Украина ва Русия метавонад қаҳтӣ ва буҳрони гуруснагиро дар бархе аз минтақаҳои ҷаҳон, монанди Яман ва Эфиопияро ба миён биорад.

Ба гузориши рӯзномаи "Guardian", тибқи омори Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳое чун Эрон, Миср, Туркия ва Бангладеш 60 дарсад ғаллаи худро аз Русия ва Украина ворид мекунад ва идомаи содироти ғалла аз ин кишварҳо, барои онҳо бисёр муҳим аст.

Дар ҳоли ҳозир ҳудуди сад киштии пур аз ғалладона дар Баҳри Сиёҳ банд мондаанд ва содироти ғалла аз Украина тариқи Баҳри Сиёҳ қатъ шудааст.

Шӯрои байналмилалии ғалладона, қароргоҳаш дар Лондон низ гузориш додааст, ки роҳҳои алтернативӣ барои содироти ғалла аз Украина, аз ҷумла роҳи оҳан дар ғарби ин кишвар маҳдуд ҳастанд ва содироти ғаллаи Украина дар соли ҷорӣ ба ҳудуди 48 миллион тонна коҳиш хоҳад ёфт.

Ин Шӯро моҳи гузашта пешбинӣ карда буд, ки Украина метавонад ҳудуди 63 миллион тонна ғалла содир кунад.

Дар Русия низ содироти ғалладона оғоз шудааст. Вале ҷорӣ шудани таҳримҳои сахти Ғарб алайҳи Русия доманаи содиротро маҳдуд кардааст. Русия дар ҳоли ҳозир содироти ғалладона ба бархе кишварҳои Осиёи Миёнаро ба таври муваққат манъ кардааст.

Вазорати кишоварзии Русия рӯзи 26 апрел эълон кард, ки содироти ғалладонаро то 1-уми июл муваққатан бозмедорад. Тасмими мазкур бар хилофи ҳушдорҳои созмонҳои байналмилалӣ гирифта шуд, ки аз кишварҳо даъват кардаанд занҷираи таъмини маводи ғизоро дар марҳилаи пандемияи Ковид-19 халалдор накунанд

Украина низ пас аз ҳамлаи Русия содироти бархе навъҳои ғалладона, мисли ҷавдор, ҷав ва арзанро манъ кардааст.

Қаблан Сандуқи Байналмилалии Пул ҳушдор дода буд, ки афзоиши қимати маводи хӯрокворӣ ва энержӣ бар асари ҷанги Украина, мумкин аст боиси "нооромии иҷтимоӣ" дар Африқо шавад.

Украина ва Русия дар бозори равғани растаниву ғалла ва чанд навъи дигари маҳсулоти кишоварзӣ саҳми зиёд доранд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG