Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли қазоқ Асхат Жексебоев аз зиндон озод шуд


Асхат Жексебоев дар байн. 3-юми майи 2022
Асхат Жексебоев дар байн. 3-юми майи 2022

Асхат Жексебоев, яке аз маҳкумшудаҳо дар доираи парвандаи 13 фаъоли маданӣ 1-уми май аз маҳбаси "Заречний"-и вилояти Алматои Қазоқистон озод шудааст.

Асхат Жексебоев рӯзи 3-юми май дар суҳбат бо фаъолони мадании қазоқ, ки дар манзили зисташ ҷамъ шуда буданд, гуфт, ҳанӯз ҳам айби эъломшуда ба зиддашро қабул надорад ва дар "фаъолияти созмони мамнуъ" ё ташкили чунин созмоне иштирок накардааст.

Додгоҳ ӯро соли гузашта бо айбҳои мазкур панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард, вале чанд рӯз пеш муҳлати боқимондаи ҷазои ӯ ба ҳукми шартӣ иваз карда шуд.

13 фаъоли мадании қазоқ ба иштирок дар фаъолияти ҳаракати мамнуи "Көше партиясӣ" айбдор эълом ва бар асоси банди "Ташкилу раҳбарии созмони террористӣ ё иштирок дар фаъолияти он"-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон зиндонӣ шуданд.

Асхат Жексебоев ва Абай Бегимбетов то ҳабс шудан чандин бор барои иштирок дар тазоҳуроти ба гуфтаи мақомоти қазоқ, бидуни иҷозат боздошт ва ҷарима шуда буданд.

Додгоҳи ноҳияи Есили пойтахти Қазоқистон ҳаракати "Көше партиясӣ"-ро созмони "террористӣ" эълом кардааст.

XS
SM
MD
LG