Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тиллои паҳлавони тоҷик дар Амрико


Разавӣ Навбаҳоров, варзишгари тоҷик.
Разавӣ Навбаҳоров, варзишгари тоҷик.

Разавӣ Навбаҳоров, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи бози қаҳрамонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (US Open 'USA sambo National Championship'), ки дар шаҳри Арлингтони иёлати Техас баргузор шуд, дар риштаи самбои размӣ дар вазни то 79 кило медали тилло ба даст овард.

Разавӣ Навбаҳорови 21-сола солҳои ахир дар якчанд мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба самбо ва самбои размӣ ширкат карда, дар рақобатҳо миёни наврасону ҷавонон ва бузургсолон муваффақ гаштааст.

Чунончи, ӯ дар мусобиқаи байналмилалии самбо “Берлиниада - 2018” дар шаҳри Берлини Олмон дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило бо медали тилло сарфароз гашт. Навбаҳоров соли 2018 дар Ҷоми ҷаҳонии самбо миёни донишҷӯён, ки дар шаҳри Нови-Сади Сербия доир гардид, дар вазни зери 57 кило бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Ӯ соли 2019 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки дар пойтахти Муғулистон -- Улан-Батор баргузор шуд, дар вазни то 70 кило байни наврасон медали нуқра ба даст овард. Инчунин ҳамон сол вай дар мусобиқаи байналмилалии самбо миёни наврасон ба хотираи Алекс Неруш дар шаҳри Ришон-ле-Cиони Исроил дар вазни зери 68 кило ба рақибонаш аз Латвия, Исроил ва Олмон ғолиб омада, соҳиби медали тилло гардид.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Разавӣ Навбаҳоров имсол дар Ҷоми бози Аврупо оид ба самбо барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳурии Беларус, ки рӯзҳои 12-13-уми феврал дар шаҳри Минск баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.

Ӯ афзуд, "аз байни шаш паҳлавони тоҷик танҳо Разавӣ Навбаҳоров медал гирифт. Вай дар сабқати самбои размӣ дар вазни то 79 кило мақоми сеюмро касб намуд ва соҳиби медали биринҷӣ гардид".

Ҷоми бози Аврупо дар Минск барои самбочиёни тоҷик нахустин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими соли 2022 ба шумор мерафт. Разавӣ Навбаҳоров аввалин медалро дар риштаи самбо дар мавсими нав ба Тоҷикистон овард.

XS
SM
MD
LG