Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

24 медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии армрестлинги Осиё


Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи XX қаҳрамонии Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ, ки рӯзҳои 23-30 апрел дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор шуд, 24 медал (6 тилло, 7 нуқра ва 11 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои Ассотсиатсияи армспорти Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки бо ширкати 800 варзишгар аз 12 кишвар миёни бузургсолон, навҷавонон, собиқадорону маълулон баргузор шуд, 40 варзишгари тоҷик иштирок дошт.

Шаш намояндаи Тоҷикистон - Ҷумъабой Абдуллоев (75 кг), Фирӯз Шамсуддинов (90 кг), Фаридун Раҳматов (+90 кг), Солехҷон Маърупов (45 кг), Зайнура Шокимова (65 кг) ва Зубайдулло Саъдуллоев (+100 кг) – ба гирифтани унвони қаҳрамони Осиё ва медалҳои тилло мушарраф шуданд.

Ҳамакнун варзишгарони тоҷик ба мусобиқаи қаҳрамонии армрестлинги ҷаҳон, ки моҳи сентябр дар Анталияи Туркия доир мегардад, омодагӣ мебинанд.

Зимнан, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд мушарраф шудаанд. Масалан, Акмал Қодиров соли 2014 дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба армспорт миёни варзишгарони маълул, ки дар шаҳри Путски Полша баргузор шуд, дар вазни беш аз 90 кило ду медал ба даст овард.

Акмал дар рӯзи аввали мусобиқа бо варзишгарони Русия, Олмон, Бразилия ва Украина қувваозмоӣ карда, бо дасти чап соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар рӯзи дувум бо дасти рост мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Юсуф Юсуфалиев аз Русия дастболо шуд.

Устоди дараҷаи байналмилалӣ Акмал Қодиров ба ҷуз аз ҷоизадори бисёркаратаи қаҳрамонии ҷаҳон буданаш, қаҳрамони сездаҳкаратаи Осиё дар вазни беш аз 90 кило мебошад.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG