Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА (Созмони футболи Аврупо), ки аз 3-юм то 8-уми май дар Македонияи Шимолӣ баргузор мешавад, ширкат меварзад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ки 30 апрел озими Македонияи Шимолӣ шуд, дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар шаҳри Скопе бо дастаҳои Македонияи Шимолӣ (3-юми май), Ҳондурас (5-уми май) ва Косово (8-уми май) бозӣ мекунад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) 19 бозигар дохил аст. Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад.
Баъди анҷоми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ футболбозони навраси тоҷик ба Душанбе бармегарданд ва дар қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола, ки аз 11-ум то 21-уми май дар пойтахти Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, иштирок хоҳанд кард.
Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)
Даври 1-ум
3-юми май (сешанбе)
19:00 – Македонияи Шимолӣ – Тоҷикистон
19:00 – Косово – Ҳондурас
Даври 2-юм
5-уми май (панҷшанбе)
19:00 – Ҳондурас – Тоҷикистон
19:00 – Македонияи Шимолӣ – Косово
Даври 3-юм
8-уми май (якшанбе)
14:00 – Тоҷикистон – Косово
20:00 – Македонияи Шимолӣ – Албания
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.
Сафирони ғарб ба худ савол надоданд, ки агар ин гурӯҳи чинояткор мусаллаҳ намебуд, чӣ гуна афсари Алфа аз синааш кушта мешуд ?
18.05.2022 интернет дар Бадахшон қатъ гардидааст. Яъне ту деҳотӣ дур аз Бадахшон шарҳ навиштӣ, зеро дар Хоруғ мебудӣ шарҳ навишта наметавонистӣ барои, ки интернет қатъ буд. Пас, ту дур аз маҳалли нотинҷ , яъне дур аз хатар ба ҷони худ муаян мекунӣ, ки кӣ мардуми он минтақа чӣ мехоҳад? Ба назар мерасад аз дур ба шурандозӣ машғули
Ина ба ту *свиноферма*. Ин мардуми махалчи худшон намедонанд ки чи мехоханд. Дар хакикат ба кисми зиёди мардум душвор аст, лекин талаботи ин мардум ночо аст. Чиноятпешаора гам натен чи коре хоханд, анчом бтан. Аз пайи ду-се чиноятпеша хестану мардумро сарсон ва чомеаро ноором кардан, корест мутлако хато. Барои бехтар кардани шароити зист, муайё кардани шароити зиндагии арзанда, масъалаи маош ва нафака, ташкили чойои кори митинг кардан арзанда аст.
Ха бие хамаро бархам тим,амниятам,милисаям,вазиру казиру,муалиму,военкомату солдату духтуру ва хоказо..ро,Кабрда дарою хоб рав,ана хамончода гайр аз ту дигар кумита нест!
Durust, boyad hama muvofiqi konun amal kunem. Nashnida boshi agar ina aku bishnav az man ki talaboti mardumi jamomadai Xorugh va kishlokhoi girdu atrof ham hamin ast ki boyad hama az rui konun amal kunem, hej talaboti digare pesh ovarda nashudaast. Baroi hamin yak talaboti ba talabi xdt monand ba sarashon lashkar kashidand...