Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон истеҳсоли ваксинаи русиро қатъ кард


Сардухтури беҳдоштии Қазоқистон 28-уми апрел хабар дод, ки истеҳсоли ваксинаи русии "Спутник V" дар Маҷмааи дорусозии вилояти Қарағандаи он кишвар бас шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар Қазоқистон беш аз 4 миллион моя ваксинаи мазкур захира карда шудааст ва он барои дубора эмкунии шаҳрвандони кишвар мерасад.

"Дар бораи харидани мояи иловагии ваксина гуфтугӯ надорем. Мо истифодаи ваксинаро назорат мекунем ва феълан харидории ваксинаи “Спутник V” дар нақша нест," -- афзуд ӯ.

Мақомоти Қазоқистон дар охири моҳи декабри соли гузашта хабар доданд, ки дар Маҷмааи дорусозии Қарағандаи ин кишвар истеҳсоли ваксинаи русӣ оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG