Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар марз бо Қирғизистон "ош" доданд. Ифтор монеи низоъ мешавад? ВИДЕО


Ифтор монеи низои тоҷикону қирғизҳо мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Гурӯҳе аз фаъолону калонсолон аз Тоҷикистону Қирғизистон барои пешгирӣ аз ҷангу ҷанҷол дар марз гирди дастурхони ифторӣ нишаста, гуфтаанд, ҳама корро бояд кунанд, то дигар хунрезӣ нашавад.

Маърака пас аз ду ҳафтаи тирпарронӣ дар сарҳади ду кишвар баргузор шуд. Мақомот бовар доранд, ба ин восита ҳамсоядориро беҳтар мекунанд. Сокинон танқид доранд, ки мақомот ба ҷойи ҳалли баҳси марзӣ ба хӯрдани “оши оштӣ” машғуланд. Чизе, ки ба гуфтаи онҳо, “ду тараф сари дастархон мешинанду мехӯранд, вале баъди чанд соат аз ёд мебаранд”.

Чанде аз корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани аксҳо хабар доданд, ки шоми 27-уми апрел беш аз 50 намояндаи ноҳияҳои марзии Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача ҷамъ омадаанд.

Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳия, 28-уми апрел гуфт, нишаст бо даъвати ҷониби Тоҷикистон ва бо ҳаадфи “таҳкими дӯстӣ ва равобити хуби ҳамсоядорӣ” сурат гирифт. Дар он раисони ноҳия ва низомиёну масъулони ҷамоатҳо низ иштирок кардаанд.

Баъд аз тирпаронии шоми 12-уми апрел дар ҳудуди ин ноҳияҳои марзӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон як кушта ва аз ду тараф чанд захмӣ бар ҷой гузошт, ин нахустин “мулоқоти дӯстона” аст. Пеш аз вуқӯи муноқишаҳо сарони ду ноҳия ба фаъолону мӯйсафедони минтақа “оши оштӣ” дода буданд.

Шоми 26-уми апрел ҳам дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара бо иштироки тақрибан 100 сокини ноҳияи Бодканду Исфара “ифтор” ташкил шудааст.

Муҳаммадҷон Муҳиддинзода, муовини раиси шаҳри Исфара, мегӯяд, “дастархон бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва пешниҳоди шахсони рӯзгордидаи деҳаҳои марзӣ ороста шуд. Дар ин нишаст чанде аз раисони ҷамоатҳои Бодканд ва мӯйсафедону фаъолони қирғиз ҳузур доштанд. Қарор аст, қирғизҳо низ ҷониби Тоҷикистонро ба минтақаи худ даъват кунанд.”

Маҳфили дӯстонаву ҳамнишиниҳои гарм сари дастурхони ош бори аввал нест, ки миёни намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон барпо мешавад, вале баъди як муддат оромиву субот ногаҳон ҳодисаҳои наве рух медиҳад.

Сокинон ҳам мегӯянд, ҳамвора аз шурӯи беназмӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ нигаронанд. Онҳо аз мақомот мехоҳанд, ҳарчи зуд таъину нишонагузории марзро бахусус дар минтақаҳои аҳолинишин ба поён расонда, монеи низоъҳои хунбор шаванд.

Тоҷикистону Қирғизистон 972 километр сарҳад доранд ва то кунун беш аз 300 километри он таъину нишонагузорӣ нашудааст. Мардуми деҳаҳои марзӣ ҳар чанд вақт бар сари замину обу чарогоҳ ҷанг мекунанд. Низои хунбортарин миёни ду ҳамсоя охири моҳи апрели соли 2021 рӯй дод ва дар давоми се рӯз аз ду тараф даҳҳо манзил сӯхтаву вайрон ва даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG