Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" баъди 5 бохт дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 пирӯзӣ ба даст овард


Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври охирини мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 дар минтақаи Ғарб” тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Бозии қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» бо раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко муқобили “Шарҷа” шаби 27-ум ба 28-уми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, дар Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд, баргузор шуд. Голҳои легионерҳо Эрик Бокум ва Владислав Касминин ба «Истиқлол» се имтиёз овард.

Рустам Ятимов, дарвозабони «Истиқлол», дар бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 бо тими «Шарҷа» беҳтарин бозигар дониста шуд.

Дарвоқеъ, ин аввалин пирӯзии «Истиқлол» баъди панҷ бохти паиҳами даста дар мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаи “Ғарб” дар гурӯҳи “А” ба шумор мерафт. Футболбозони тоҷик, ки бо касби се имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «А» дар ҷои охирин қарор гирифтанд, аз ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоии мусобиқа маҳрум шуданд.

Бозии дигари даври шашум, ки ҳамзамон шаби 27-ум ба 28-уми апрел дар шаҳри Риёз, дар варзишгоҳи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд, миёни дастаҳои “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ ва «Ал-Райён»-и Қатар доир гардид, бо ғалабаи қатариҳо бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт.

Ба ин тартиб, “Ал-Ҳилол” ва “Ал-Райён” бо касби 13-имтиёзӣ дар ҷадвали гурӯҳи «А» мутаносибан ҷойҳои якуму дуюмро соҳиб шуда, ҳарду даста ба 1/8 финал роҳ пайдо карданд. “Шарҷа” бо 5 имтиёз ҷои сеюмро гирифт.

Ҳамчунин аз минтақаи Ғарб ба даври баъдии мусобиқаи асосии бошгоҳии қораи Осиё дастаҳои «Ал-Шабоб» (Арабистони Саудӣ), «Фулод» (Эрон), «Шабоб Ал-Аҳлӣ» (Имороти Муттаҳидаи Араб), «Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Ал-Файсалӣ» (Арабистони Саудӣ) ва «Насаф» (Узбекистон) роҳ пайдо карданд.

Зимнан, марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар ду минтақа – “Ғарб” ва “Шарқ” – сурат гирифт. Бозиҳо дар минтақаи Ғарб дар Арабистони Саудӣ, дар шаҳрҳои Риёз (гурӯҳҳои «А» ва «В»), Ҷидда (гурӯҳи «С»), Бурайда (гурӯҳи «D») ва Даммом (гурӯҳи «Е») рӯзи 27-уми апрел ба поён расиданд.

Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа ҳамагӣ 40 даста иштирок дошт. Тибқи низомномаи мусобиқа аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол карданд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Бозиҳои ҳаштякниҳоӣ дар минтақаи «Ғарб» 3-юм ё 4-уми феврали соли 2023 баргузор мешаванд. Бозиҳои чорякниҳоӣ 7-уми феврал, нимфинал – 10-уми феврали соли оянда доир мегарданд.

Финали Лигаи қаҳрамонҳи АFC аз ду бозӣ иборат аст. Бозиҳо 19-ум ва 26-уми феврали соли 2023 баргузор хоҳанд шуд. Бозии аввал дар майдони бошгоҳи финалисти минтақаи «Ғарб» ва бозии ҷавобӣ дар майдони бошгоҳи финалисти минтақаи «Шарқ» доир мегарданд.

Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

«ИСТИҚЛОЛ» «АЛ-РАЙЁН» 2:3

Голҳо: Шаҳром Сулаймонов, 3 (1:0). Ёсин Браимӣ, 8 (1:1). Йоҳан Боли, 44 (1:2). Муҳаммад Исоев, 66 (2:2). Йоҳан Боли, 71 (2:3).

8-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.

«АЛ-ҲИЛОЛ» «ШАРҶА» - 2:1

Даври 2-юм

«ШАРҶА» - «ИСТИҚЛОЛ» –– 2:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 29 (0:1). Кайо Лукас Фернандес, 54 (1:1). Бернард Анисио, 57 (2:1).

11-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.

«АЛ-ҲИЛОЛ» «АЛ-РАЙЁН » - 3:0

Даври 3-юм

«АЛ-ҲИЛОЛ» «ИСТИҚЛОЛ» - 1:0

Гол: Салмон Ал-Фараҳ, 52.

15-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд. 13 158 тамошобин.

«ШАРҶА» «АЛ-РАЙЁН» - 1:1

Даври 4-ум

«ИСТИҚЛОЛ» «АЛ-ҲИЛОЛ» - 0:3

Голҳо: Одион Игало, 8 (0:1). Одион Игало, 33 (0:2). Салим Ал-Давсарӣ, 90+2 (0:3).

19-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд. 10 241 тамошобин.

«АЛ-РАЙЁН» - «ШАРҶА» -3:1

Даври 5-ум

«АЛ-РАЙЁН» – «ИСТИҚЛОЛ» 1:0

Гол: Йохан Боли, 90.

23-юми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд. 48 тамошобин.

«ШАРҶА» «АЛ-ҲИЛОЛ» - 2:2

Даври 6-ум

«ИСТИҚЛОЛ» – «ШАРҶА» – 2:0

Голҳо: Эрик Бокум, 14 (1:0). Владислав Касминин, 90+1 (2:0).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Владислав Касминин, Искандар Ҷалилов, Никита Чичерин, Далер Имомназаров, Шервонӣ Мабатшоев (Алиҷон Кароматуллозода, 76), Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов, Муҳаммад Исоев (Ислом Зоиров, 82), Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 76), Эрик Бокум (Аҳтам Назаров, 89).

27-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.

«АЛ-ҲИЛОЛ» «АЛ-РАЙЁН» - 0:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

“АЛ-ҲИЛОЛ” (Арабистони Саудӣ)

6

4

1

1

11-5

13

2

“АЛ-РАЙЁН” (Қатар

6

4

1

1

10-7

13

3

“ШАРҶА” (Имороти Муттаҳидаи Араб)

6

1

2

3

7-11

5

4

“ИСТИҚЛОЛ” (Тоҷикистон)

6

1

0

5

5-10

3

XS
SM
MD
LG