Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев сафи ҳизби ҳокими Қазоқистонро тарк кард


Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ҳокими "Амонат" эълом кард, ки аз раҳбарии ҳизб ва узвият дар он даст кашид.

Тоқаев ин тасмимашро ба тағйиру иловаҳое рабт дод, ки бо ташаббуси худи ӯ ба Конститутсияи он кишвар қарор аст, ворид карда шавад.

"Ман тасмим гирифтам, ки аз имрӯз раҳбарии ҳизб ва узвияти худ дар онро қатъ кунам. Ин як гоми рамзӣ аст. Бинобар ин, ба ҳамаи шумо барои боварӣ ва дастгирӣ дар интихобот миннатдорӣ баён мекунам", - изҳор дошт вай.

Ҳамин тариқ ба ҷои Тоқаев раиси маҷлиси порлумони Қазоқистон Ерлан Кошанов раҳбари ҳизби ҳоким интихоб шуд.

Дар ин анҷуман Ҳизби "Адал"-и Қазоқистон низ ба ҳизби ҳоким пайваст. Масъулони ин ҳизби рӯ ба ҳукумат моҳи март гуфта буданд, ки бо ҳизби ҳоким якҷо мешаванд.

XS
SM
MD
LG