Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи Амрико: "Ба мақомоти Тоҷикистон гуфтам, ки маъюбонро ба кор гиранд." ВИДЕО


Сара Минкара
Сара Минкара
Як намояндаи ҳукумати Амрико масъалаи вобаста ба маъюбонро бо мақомоти Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Сара Минкара, мушовири вижаи Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар робита ба ҳуқуқи маъюбон, ҳафтаи гузашта дар Душанбе буд ва ба чанд суоли Радиои Озодӣ посух дод. "Мо бо мақомоти Тоҷикистон масъалаи бо кор таъмин кардани шахсони маълул ва ба таҳсил фаро гирифтани ин қишри ҷомеаро дар миён гузоштем," – афзуд ӯ.

Радиои Озодӣ: Маъюбон дар Тоҷикистон шаҳрвандони комилҳуқуқ ҳастанд, вале аз ҳаракат дар роҳ гирифта, то истифода аз нақлиёту дарёфти ёрӣ аз ҳукумат мушкил доранд. Оё дар ин маврид суҳбат доштед?

Сара Минкара: "Бале, мо ин мавзуъро матраҳ кардем. Тавре гуфтам, ба таҳсил ва кор фаро гирифтани маъюбон аз мавзуъҳои асосии суҳбати мо буд. Дар мулоқот ба ҷониби Тоҷикистон таъкид намудем, ки бо шахсони маъюб ба монанди шахсони солим муносибат карда шавад ва ҳеч гуна фарқ миёни онҳо нагузоранд. Аз ҳама чизи бад барои афроди имконияташон маҳдуд тамғагузорӣ ба онҳо аст. Бархурди беҳтарин бо онҳо нигоҳи баробар доштан аст."

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои ҳамсоя маъюбон дар порлумон намоянда надоранд. Ба назари Шумо, будани онҳо то куҷо ҳалкунанда аст?

Сара Минкара: "Албатта, будани намоянда дар порлумон муҳим аст. Бояд афроди дорои имконияташон маҳдуд дар қабули қарорҳо, дар таҳия ва пеш бурдани сиёсат иштирок кунанд. Маъюбон бояд як қисми асосии ҷомеа дониста шаванд."

Радиои Озодӣ: Қонунҳои Тоҷикистон иҷозат медиҳанд, ки то 5 дарсади кормандони корхонаҳо ва идораҳо аз ҳисоби маълулон бошанд. Дар амал ин муқаррарот аз сӯи натанҳо ширкатҳои хусусӣ, балки ниҳодҳои давлатӣ қисман ё пурра нодида гирифта мешавад...

Сара Минкара: "Дуруст мегӯед, ман ин мавзуъро ҳам дар миён гузоштам. Дар бисёре аз кишварҳо қонун вуҷуд дорад, ки то 5 дарсади коргарон дар коргоҳҳо аз ҳисоби афроди маълул бошад. Мутаассифона, ин ба шакли дигар сурат мегирад. Масалан, онҳо ба коргари маъюб маош медиҳанд ва мегӯянд, ба кор наояд. Ин ба он маъно аст, ки корфармо фақат нишон медиҳад, ки бубинед, дар корхонаи мо маъбон кор мекунанд, тамом. Дар Амрико вазъ дигар аст. Онҷо шахсони маълулро ба кор ҷалб мекунанд ва нишон медиҳанд, ки мо бо маъюбон якҷо кор мекунем ва барояшон эҳтиром мегузорем. Ман ба тамоми ҳукуматҳо мегӯям, шахсони маъюбро бояд ба кор гиранд. Ҳоло агар барои кор ду нафар ҳуҷҷат супорад, ҳатман нафареро интихоб мекунанд, ки солим бошад. Маъюбон ҳам шаҳрвандони комилҳуқуқи кишварҳо дониста шаванд.”

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Сара Минкара: "Маъюбон комилҳуқуқ ҳастанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:58 0:00

Радиои Озодӣ: Ниҳодҳои марбутаи Амрико дар масъалаҳои гуногун, озодиҳои динӣ, ҳуқуқи инсон, озодии баён ба ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳо медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон ин гузоришҳоро беасос меноманд ва рад мекунанд. Чун бархе ба ин назар ҳастанд, ки ҳукумати Амрико дар асл аз амалкардҳои ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад ва барои пиёда кардани сиёсатҳои он ёрии молӣ мерасонад. Шумо ба чунин даъвоҳо чӣ посух дода метавонед?

Сара Минкара: “Ҳукумати Амрико ба Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун мадад мерасонад. Агар ин ёриҳоро барои дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд бигирем, ҳадафи мо ин аст, ки таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа бештар шавад. Кумакҳо низ ба ин хотир расонида мешавад.”

Радиои Озодӣ: Аз таҷрибаи худ бигӯед, ки як нафари дорои имконияташ махдуд то куҷо метавонад, дар ҷомеа муваффақ шавад?

Сара Минкара: “Ҷавоб ба ин суол рафтори модари ман аст. Падару модарам ҳеч гоҳ ба касе иҷозат надоданд, ки дар бораи имкониятҳои маҳдуди мо ҳарфе бигӯяд. Тамоми ҷомеа моро мисли худашон қабул мекарданд. Модарам ҳеч вақт намегуфт, ки Шумо маъюб ва имконияти маҳдуд доред, баръакс, тарғиб мекард ва мегуфт, метавонед хонед ва рушд кунед. Ӯ пайваста ба мо кумак мекард. Хоҳарам низ нобино аст. Албатта, барои мо ҳам мушкилиҳои техникӣ дар кӯча буд, вале новобаста аз ин бо ёрии падару модарам тавонистем, ба ин сатҳ бирасем. Ин дастгирии хонавода аст.”

XS
SM
MD
LG