Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остин гуфт, мехоҳад барои Русия ҷанги Украина як дарсе шавад, ки дар оянда такрор нашавад


25-уми апрел, сарҳади Полша ва Украина. Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии ИМА ва Ллойд Остин, вазири дифоъ баъди бозгашт аз Киев бо журналистон ҳамсӯҳбат шуданд
25-уми апрел, сарҳади Полша ва Украина. Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии ИМА ва Ллойд Остин, вазири дифоъ баъди бозгашт аз Киев бо журналистон ҳамсӯҳбат шуданд

Вазири дифои ИМА Ллойд Остин изҳори умедворӣ кард, ки нокомиҳои Русия дар Украина метавонад дар оянда пеши роҳи амалҳои таҷовузгаронаи Кремлинро дар дигар нуқоти ҷаҳон бигирад. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки нирӯҳои русӣ ҳамлаҳои худро дар шарқи Украина идома медиҳанд. Остин, ки баъди сафараш ба Украина, ки бо вазири корҳои хориҷии Амрико Энтони Блинкен сурат гирифт, дар Вашингтон нишасти матбуотӣ барпо кард ва гуфт, ки мехоҳад “Русияро ба дараҷае заъиф бубинад, ки дигар кореро, ки бо ҳуҷумаш ба хоки Украина кард, карда натавонад”. Ӯ афзуд, ки Украина дар сурати идомаи ёриҳо метавонад дар ин ҷанг ғолиб ояд. Блинкен ва Остин баъди дидору гуфтугӯҳо дар Киев гуфтанд, ки ба Украина ва дигар муттафиқонаш дар ҳаҷми 700 миллион доллар ёрӣ мекунад. Ин баландтарин сафари мақомдорони ғарбӣ дар ду моҳи баъди шурӯи ҷанги Русия алайҳи Украина будааст.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои рӯзи 26-уми апрели вазорати дифои Бритониё, русҳо назорат бар шаҳри Креминнаи вилояти Луҳанскро ба даст оварданд. Ҷангҳои сахт дар шаҳри Изюм идома дорад ва русҳо талош доранд шаҳрҳои Словянск ва Краматорскро дар вилояти Донетск ба даст оваранд.

Дар бахши дипломатӣ қарор аст рӯзи 26-уми апрел дабири кулли СММ Антонио Гутерреш дар Маскав бо президенти Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ кунад. Вале баъди чандин давраи гуфтугӯҳои ноком барои хатми ҷанг аз сафари Гутерреш ба Маскав интизорот зиёд нест.

XS
SM
MD
LG