Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии се гуштигири тоҷик дар Муғулистон


Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштӣ (тарзи озод, юнонию румӣ ва гуштии занона), ки рӯзҳои 19-24-уми апрел дар Қасри варзиши "Буянт-Ухаа"-и шаҳри Улан-Батори Муғулистон доир гардид, ноком шуданд.

Се паҳлавони тоҷик - Муҳаммад Икромов, Шуҳрат Бозоров ва Искандари Рустам - дар мусобиқаи гуштии озод ширкат варзида, дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Муҳаммад Икромов дар даври аввал дар вазни то 61 кило аз Наранхуу Нармандах (Муғулистон) бо ҳисоби 4:14 мағлуб гашт. Дар ин вазн Реи Ҳичуги (Ҷопон), ки дар финал бар Дориюш Ҳазратгулизода (Эрон) дастболо шуд, бо медали тилло сарфароз гардид. Ба паҳлавони эронӣ медали нуқра супурда шуд. Ақраб Қурбонов (Қазоқистон) ва Улуғбек Жолдошбеков (Қирғизистон) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Шуҳрат Бозоров бошад, дар даври аввал дар вазни то 79 кило қувваозмоиро ба Юдаи Такаҳаши (Ҷопон) бо ҳисоби 1:11 бохт. Дар ин вазн Алӣ Бахтиёр Саводкӯҳӣ (Эрон), ки дар финал бар Балиян Гоурав (Ҳиндустон) ғолиб омад, медали тилло гирифт. Ба паҳлавони ҳинд медали нуқра эҳдо шуд. Юдаи Такаҳаши (Ҷопон) ва Арсалан Будажапов (Қирғизистон) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуданд.

Искандари Рустам дар даври аввал дар вазни то 125 кило аз Йеҳюн Ҷунг (Кореяи Ҷанубӣ) мағлуб гашт. Рақибаш ӯро ба тахтапушт хобонд ва ду сония нигоҳдорӣ кард, ки инро дар гуштии озод ғалабаи соф ё туше мегӯянд.

Дар ин вазн Ёдуллоҳ Муҳаммад Муҳибӣ (Эрон), ки дар финал бар Алишер Ергалӣ (Қазоқистон) ғалаба кард, бо медали тилло сарфароз гардид. Ба паҳлавони қазоқ медали нуқра супурда шуд. Батмагнаи Энхтувшин (Муғулистон) ва Йеҳюн Ҷунг (Кореяи Ҷанубӣ) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Дар ҳисоби медалҳо дар мусобиқаи гуштии озод Эрон мақоми аввалро касб кард. Ҳиндустон дуюм ва Қазоқистон сеюм шуданд. Се ҷои минбаъдаро Ҷопон, Муғулистон ва Қирғизистон азони худ намуданд.

Чунонки Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW) дар сомонааш хабар додааст, дар мусобиқоти қитъавӣ ҳудуди 300 варзишгар аз 20 кишвари қора иштирок карданд.

Мусобиқот рӯзи 19-уми апрел бо рақобатҳо дар риштаи гуштии юнонию румӣ шуруъ шуд. Рӯзҳои 21-22-юми апрел занон қувваозмоӣ карданд. Рӯзҳои 23-24-уми апрел мусобиқа оид ба гуштии озод доир гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат варзиданд. Аммо Тоҷикистон дар гуштии юнонию румӣ ва гуштии занона намоянда надошт.

Зимнан, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё Искандари Рустам дар вазни то 97 кило ду бор (солҳои 2012, 2013) медали нуқра ва ду маротиба (солҳои 2014, 2020) медали биринҷӣ гирифтааст. Муҳаммад Икромов барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар вазни то 61 кило (соли 2020) мебошад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта варзишгари тоҷик Далер Ризозода дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнонию румӣ, ки моҳи апрел дар Алмато баргузор шуд, дар вазни то 77 кило медали нуқра ба даст овард. Ин ягона медали варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа буд.

Вале варзишгарони тоҷик порсол ҳам дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии озод натавонистанд медал бигиранд. Аз байни онҳо танҳо Баҳодур Қодиров натиҷаи беҳтар нишон дод. Ӯ дар вазни то 86 кило ҷойи панҷумро соҳиб шуд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG