Даври чаҳоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои лигаи олӣ бо чаҳор бозӣ анҷом ёфт, ки дар натиҷа аввалин сармураббӣ дар мавсим истеъфо дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, пас аз бохти «Хуҷанд» аз КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бо ҳисоби 1:2 сармураббии хуҷандиҳо Рустам Хоҷаев тасмим гирифт, ки аз вазифааш истеъфо диҳад. Ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон дар чаҳор бозӣ яктоашро ба нафъи худ анҷом дода, яктоашро мусовӣ кардааст ва дар ду дидор шикаст хӯрдааст. “Хуҷанд” бо чаҳор имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои чаҳорум қарор дорад.
КМВА, ки таҳти раҳбарии мутахассиси эронӣ Амин Субҳонӣ дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон пайиҳам се пирӯзӣ ба даст овард, бо 9 имтиёз ҷои дуюмро касб кардааст. Зимнан, КМВА аз пешсафи ҷадвал - “Хатлон”-и Бохтар як бозӣ камтар анҷом додааст.
“Хатлон”, ки бо раҳбарии сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев дар даври чаҳорум “Файзканд”-и Восеъро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, бо 10 имтиёз мисли пешин дар ҷои аввал аст.
Пас аз нокомиҳо «Регар-ТадАЗ” дар мусобиқот аввалин пирӯзӣ ба даст овард. Футболбозони шаҳри Турсунзода дар меҳмонӣ “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан”-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд.
«Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бозиро бо «Равшан»-и Зафаробод бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон - 2022
Лигаи олӣ. Даври 4-ум
«Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод) – 1:1
Голҳо: Абдухалил Боронов, 12 (1:0). Азимҷон Мавлонов, 77 (1:1).
23-юми апрел. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 2500 тамошобин.
«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1
Гол: Фатҳулло Фатҳуллоев, 58.
23-юми апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 7700 тамошобин.
«Хуҷанд» – КМВА – 1:2
Голҳо: Кароматулло Саидов, 67 (1:0). Абдулло Шарипов, 72 (1:1). Хуршед Абдуллоев, 82 (1:2).
24-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1400 тамошобин.
«Файзканд» – «Хатлон» – 0:1
Гол: Умарҷон Шарипов, 45.
24-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1 |
«Хатлон» (Бохтар) |
4 |
3 |
1 |
0 |
7-3 |
10 |
2 |
КМВА (Душанбе) |
3 |
3 |
0 |
0 |
5-1 |
9 |
3 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
3 |
1 |
1 |
1 |
5-1 |
4 |
4 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
4 |
1 |
1 |
2 |
4-3 |
4 |
5 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
4 |
1 |
1 |
2 |
3-4 |
4 |
6 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
3 |
1 |
1 |
1 |
3-4 |
4 |
7 |
«Файзканд» (Восеъ) |
4 |
1 |
1 |
2 |
3-7 |
4 |
8 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
3 |
1 |
0 |
2 |
4-6 |
3 |
9 |
«Равшан» (Зафаробод) |
4 |
0 |
2 |
2 |
3-8 |
2 |
10 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
0 |
0 |
0 |
0 |
0-0 |
0 |
Рӯйхати голзанҳои пешсаф: Санҷар Рихсибоев («Эсхата») – 3 тӯб, Мбеке Сиябатчу Деудони, Отабек Зокиров (ҳарду аз «Истаравшан»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА), Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ»), Абдухалил Боронов («Равшан» Кӯлоб) – 2-тӯбӣ.
Даври 5-ум
30-юми апрел (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Хатлон» – «Хуҷанд»
«Истиқлол» – «Файзканд»
КМВА – «Равшан» (Кӯлоб)
1-уми май (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Регар-ТадАЗ» – «Эсхата»
«Равшан» (Зафаробод) – «Истаравшан»
Сафирони ғарб ба худ савол надоданд, ки агар ин гурӯҳи чинояткор мусаллаҳ намебуд, чӣ гуна афсари Алфа аз синааш кушта мешуд ?
18.05.2022 интернет дар Бадахшон қатъ гардидааст. Яъне ту деҳотӣ дур аз Бадахшон шарҳ навиштӣ, зеро дар Хоруғ мебудӣ шарҳ навишта наметавонистӣ барои, ки интернет қатъ буд. Пас, ту дур аз маҳалли нотинҷ , яъне дур аз хатар ба ҷони худ муаян мекунӣ, ки кӣ мардуми он минтақа чӣ мехоҳад? Ба назар мерасад аз дур ба шурандозӣ машғули
Ина ба ту *свиноферма*. Ин мардуми махалчи худшон намедонанд ки чи мехоханд. Дар хакикат ба кисми зиёди мардум душвор аст, лекин талаботи ин мардум ночо аст. Чиноятпешаора гам натен чи коре хоханд, анчом бтан. Аз пайи ду-се чиноятпеша хестану мардумро сарсон ва чомеаро ноором кардан, корест мутлако хато. Барои бехтар кардани шароити зист, муайё кардани шароити зиндагии арзанда, масъалаи маош ва нафака, ташкили чойои кори митинг кардан арзанда аст.
Ха бие хамаро бархам тим,амниятам,милисаям,вазиру казиру,муалиму,военкомату солдату духтуру ва хоказо..ро,Кабрда дарою хоб рав,ана хамончода гайр аз ту дигар кумита нест!
Durust, boyad hama muvofiqi konun amal kunem. Nashnida boshi agar ina aku bishnav az man ki talaboti mardumi jamomadai Xorugh va kishlokhoi girdu atrof ham hamin ast ki boyad hama az rui konun amal kunem, hej talaboti digare pesh ovarda nashudaast. Baroi hamin yak talaboti ba talabi xdt monand ba sarashon lashkar kashidand...