Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуоҳо ба хатми ҷанг дар Иди поки православҳои украинӣ


Запорожйе, 24-уми апрел
Запорожйе, 24-уми апрел

Дар намози “Пасха” ё Иди поки православҳои украинӣ рӯзи 24-уми апрел дуоҳо ба хатми зудтари ҷанг дар Украина ва наҷоти ҷони мардуми дар Мариупол таҳти муҳосирамонда садо дод. Президент Владимир Зеленский дар суханрониаш ба ин муносибат ваъда дод, ки ҳеҷ нирӯи “шарорат” кишварро хароб карда наметавонад. Зеленский, ки дар қатори намозгузорони дигар дар дохили калисои Софияи Муқаддаси шаҳри Киев қарор дошт, дар як паёми видеоиаш гуфт, ки мардуми Украина бар ин зулмоте, ки Русия бо ҷанги беасосаш таҳмил кардааст, пирӯз хоҳад шуд.

Зеленский гуфт: “Дар ин Иди пок мо аз Худованд шафқат металабем, то ки орзуи бузурги мо ҷомаи амал пӯшад ва мо шоҳиди он рӯзи боҳашамате шавем, ки дар Украина сулҳи комил бо ризоият ва шукуфоии доимӣ ҳукмфармо мешавад”.

Зеленский гуфт, ки ба пирӯзӣ дар ҷанг бовар дорад. Русия расо ду моҳ пеш, 24-уми феврал бе ҳеҷ асосе ба хоки Украина ҳуҷум кард ва ҳоло бештар дар қисматҳои шарқии ин кишвар ҷангро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG