Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти панҷуми “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022


Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври панҷуми мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 дар минтақаи “Ғарб” аз тими “Ал-Райён”-и Қатар бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Бозии қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» бо раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко муқобили “Ал-Райён” шаби 23-юми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, дар Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд, баргузор шуд. Голи ягонаро Йоҳан Боли дар охири бозӣ, дар дақиқаи 90-ум, зад.

Ин бохти панҷуми паиҳами “Истиқлол” дар мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаи “Ғарб” дар гурӯҳи “А” ба шумор мерафт.

Футболбозони тоҷик, ки бидуни имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «А» дар ҷои охирин қарор доранд, сарфи назар аз натиҷаи бозии даври охирин бо “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Араб аз ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоии мусобиқа маҳрум шуданд.

Бозии дигари даври панҷум, ки 23-юми апрел миёни дастаҳои “Шарҷа” ва “Ал-Ҳилол” доир гардид, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Ба ин тартиб, “Ал-Ҳилол”, ки дар чаҳор бозӣ пирӯз шуда, яктоашро мусовӣ кардааст, бо касби 13 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «А» ҷои аввалро соҳиб шудааст. “Ал-Райён” бо 10 имтиёз ҷои дуюм ва “Шарҷа” бо 5 имтиёз ҷои сеюмро азони худ кардаанд.

Даври шашум ва охирини мусобиқа дар гурӯҳи «А» рӯзи чоршанбеи 27-уми апрел доир мегардад. «Истиқлол» бо «Шарҷа» ва «Ал-Райён» бо «Ал-Ҳилол» бозӣ мекунанд.

Дастури мусобиқа

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар ду минтақа – “Ғарб” ва “Шарқ” – сурат гирифтааст. Бозиҳо дар минтақаи Ғарб дар Арабистони Саудӣ, дар шаҳрҳои Риёз (гурӯҳҳои «А» ва «В»), Ҷидда (гурӯҳи «С»), Бурайда (гурӯҳи «D») ва Даммом (гурӯҳи «Е»), то рӯзи 27-уми апрел идома меёбанд.

Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа ҳамагӣ 40 даста иштирок дорад. Тибқи низомномаи мусобиқа аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Бозиҳои ҳаштякниҳоӣ дар минтақаи «Ғарб» 3-юм ё 4-уми феврали соли 2023 баргузор мешаванд. Бозиҳои чорякниҳоӣ 7-уми феврал, нимфинал – 10-уми феврали соли оянда доир мегарданд.

Финали Лигаи қаҳрамонҳи АFC аз ду бозӣ иборат аст. Бозиҳо 19-ум ва 26-уми феврали соли 2023 баргузор хоҳанд шуд. Бозии аввал дар майдони бошгоҳи финалисти минтақаи «Ғарб» ва бозии ҷавобӣ дар майдони бошгоҳи финалисти минтақаи «Шарқ» доир мегарданд.

Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

«ИСТИҚЛОЛ» – «АЛ-РАЙЁН» – 2:3

Голҳо: Шаҳром Сулаймонов, 3 (1:0). Ёсин Браимӣ, 8 (1:1). Йоҳан Боли, 44 (1:2). Муҳаммад Исоев, 66 (2:2). Йоҳан Боли, 71 (2:3).

8-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.

«АЛ-ҲИЛОЛ» – «ШАРҶА» - 2:1

Даври 2-юм

«ШАРҶА» - «ИСТИҚЛОЛ» –– 2:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 29 (0:1). Кайо Лукас Фернандес, 54 (1:1). Бернард Анисио, 57 (2:1).

11-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.

«АЛ-ҲИЛОЛ» – «АЛ-РАЙЁН » - 3:0

Даври 3-юм

«АЛ-ҲИЛОЛ» – «ИСТИҚЛОЛ» - 1:0

Гол: Салмон Ал-Фараҳ, 52.

15-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд. 13 158 тамошобин.

«ШАРҶА» – «АЛ-РАЙЁН» - 1:1

Даври 4-ум

«ИСТИҚЛОЛ» – «АЛ-ҲИЛОЛ» - 0:3

Голҳо: Одион Игало, 8 (0:1). Одион Игало, 33 (0:2). Салим Ал-Давсарӣ, 90+2 (0:3).

19-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд. 10 241 тамошобин.

«АЛ-РАЙЁН» - «ШАРҶА» -3:1

Даври 5-ум

«АЛ-РАЙЁН» – «ИСТИҚЛОЛ» – 1:0

Гол: Йохан Боли, 90.

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Муҳриддин Ҳасанов, Владислав Касминин, Искандар Ҷалилов, Никита Чичерин, Далер Имомназаров, Шервонӣ Мабатшоев, Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов (Ислом Зоиров, 77), Муҳаммад Исоев, Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 77), Муҳаммадҷон Раҳимов (Эрик Бокум, 62).

23-юми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд. 48 тамошобин.

«ШАРҶА» – «АЛ-ҲИЛОЛ» - 2:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «А»

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1“АЛ-ҲИЛОЛ” (Арабистони Саудӣ)541011-313
2“АЛ-РАЙЁН” (Қатар53118-710
3“ШАРҶА” (Имороти Муттаҳидаи Араб)51227-95
4“ИСТИҚЛОЛ” (Тоҷикистон)50053-100

Даври 6-ум

27-уми апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» – «Шарҷа»

«Ал-Ҳилол» – «Ал-Райён»

XS
SM
MD
LG