Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Москва". Русия марги 1 нафар ва бедарак шудани 27 касро эътироф кард


Киштии ҷангии "Москва"
Киштии ҷангии "Москва"

Вазорати дифои Русия эътироф кард, ки даҳ рӯз пеш бар асари сӯхтор дар киштии азими ҷангии "Москва" як кас ҷон бохта, 27 нафар бедарак шудаанд.

Хабаргузории "Интерфакс" рӯзи 23-юми апрел аз қавли вазорат навишт, 396 касро тавассути киштиҳои дигар ба ҷойи амн бурданд.

Тайи даҳ рӯзи охир хешовандони онҳое, ки дар киштӣ хидмат мекарданд, дар бораи кушта ё бедарак шуданашон гузориш медоданд.

Вазорати дифои Русия гуфтааст, ба наздикони фавтидагон ва бедаракшудаҳо мадад мерасонад.

Маскав рӯзи 14-уми апрели имсол эътироф кард, ки киштии азими "Москва" дар пайи сӯхторе нобуд шудааст.

Мақомоти украинӣ гуфтанд, нерӯҳои онҳо киштиро бо мушаки "Нептун" заданд.

XS
SM
MD
LG