Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алиев хост, Арманистон созиши сулҳро бипазирад, вагарна...


Никол Пашинян, Илҳом Алиев ва Чарлз Мишел. Брюссел, моҳи апрели 2022
Никол Пашинян, Илҳом Алиев ва Чарлз Мишел. Брюссел, моҳи апрели 2022

Раисҷумҳури Озарбойҷон гуфт, агар Ереван созиши пешниҳодии Бокуро дар мавриди сулҳ напазирад, кишвараш аз эътирофи тамомияти арзии Арманистон худдорӣ хоҳад кард.

Илҳом Алиев рӯзи 22-юми апрел дар Анҷумани панҷуми озариҳои ҷаҳон дар як минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ гуфт, созиши пешниҳодии Боку "танҳо ва охирин имконият"-и Арманистон аст.

"Агар онҳо созишномаро рад кунанд, мо низ аз эътирофи тамомияти арзии Арманистон худдорӣ хоҳем кард," – гуфт Алиев.

Вай, инчунин, аз Ереван даъват кард, музокиротро дар бораи сулҳ кашол надиҳад ва таъкид кард, ки Арманистон пештар бо созишнома мувофиқат карда буд.

Дар аввали моҳи ҷорӣ Илҳом Алиев ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар Брюссел буданд.

Онҳо дар нишасте бо мизбонии раиси Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел ба таҳияи созиши сулҳ барои ҳалли муноқишаи Қаробоғи Кӯҳӣ ва таъсиси як комиссияи муштарак барои нишонагузории марз ба мувофиқа расиданд.

XS
SM
MD
LG