Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишкориҳо дар ҷараёни сафари Мирзиёев ба Қашқадарё


Ноҳияи Косон
Ноҳияи Косон

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёевро дар ҷараёни сафараш ба вилояти Қашқадарёи он кишвар бо намоишкориҳои гуногун пешвоз гирифтанд.

Сокинони Қашқадарё ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти маҳаллӣ барои пешвози Мирзиёев бар ивази садҳо миллион сӯм кӯчаҳоро саросемавор мумфарш, канори пиёдагардҳоро ранги сафед карда, гул шинониданд.

"Баъзе аз кӯчаҳои хокиро бидуни рехтани регу санг мумфарш карданд", - изҳор дошт як сокини маҳаллӣ аз Қашқадарё, ки нахост номаш бурда шавад.

Ба гуфтаи ӯ, аз шаби 21 то субҳи 22-юми апрел дар боғи Амир Темури ноҳияи Косон корҳои ободонӣ ҷараён дошт.

"Онҳо дар як мошини боркаш беш аз сад дона дарахти палма оварданд, ки ҳар кадоме 9 миллион сӯм (800 доллар) арзиш дорад. Ба назари ман, баъди рафтани президент онҳоро дубора канда, мебаранд. Ин дарахтон монанди навбатдор шудаанд. Ҳар ҷое ки президент рафт, дарахтон низ мераванд," - изҳор дошт як масъули ҳукумати Косон ба шарти ифшо нашудани номаш.

Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 21 ва 22-юми апрел аз вилояти Қашқадарё боздид кард. Ба иттилои хадамоти матбуотии ӯ, президент аз корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намудааст.

XS
SM
MD
LG