Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толеъ Холназаров раиси Федератсияи бодибилдинги Тоҷикистон шуд


Толеъ Холназаров.

Толеъ Холназаров, вазнабардори номдор, раиси Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ дар ин вазифа Олим Парпиевро иваз кард.

Толеъ Холназаров, ки яке аз поягузорони пауэрлифтинг ё сеҳарбаи қудратӣ дар Тоҷикистон аст, аз хушномтарин варзишгарони тоҷик дар ин ришта ба ҳисоб меравад. Ӯ соли 2006 дар пауэрлифтинг байни варзишгарони ҳирфаӣ унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст оварда буд, вале баъди лат хӯрданаш дар соли 2010 аз ширкат дар мусобиқот канор рафт ва мураббӣ шуд.

Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон дар соли 2003 бо ибтикори Толеъ Холназаров таъсис ёфта, раиси ин федератсия ҳам худи ӯ буд.

Толеъ Холназаров даҳ соли ахир тибқи қарордод бо Кумитаи паралимпии Имороти Муттаҳидаи Араб ба ҳайси мураббӣ дастаи мунтахаби ин кишварро тамрин медод ва ба мусобиқоти байналмилалӣ омода мекард.

"Орзуи ман таъсис додани дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва ба ҳайати он ҷалб кардани варзишгарони маъюб - мардону занон мебошад. Бовар дорам, ки дар мавриди муҳайё сохтани шароити зарурӣ барои варзишгарони маълул дар Тоҷикистон, аз байни онҳо дар оянда қаҳрамонҳои паралимпӣ ба воя мерасанд", - гуфт Толеъ Холназаров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Вай афзуд, барои рушди бодибилдинг ва пауэрлифтинг дар кишвар бояд корҳои зиёде анҷом дода шавад. “Вазифаи асосии мо дар ҳамин ҳол ҷалби сарпарастон барои дастгирии варзишгароне мебошад, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд", — гуфт ӯ.

Ҳолномаи Толеъ Холназаров

Толеъ Холназаров 1-уми майи соли 1975 дар хонаводаи адиби танзнавис Имомназари Холназар ва доктори илмҳои забоншиносӣ Зебунисо Холназарова ба дунё омадааст. Аз соли 2000-ум оиладор аст. Cоҳиби се фарзанд мебошад: ду духтар ва як писар.

Соли 1996 – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон дар Финляндия, соли 1997- қаҳрамон ва соли 1998 барандаи Ҷоми Қазоқистон, соли 1998 – барандаи медалҳои тилло ва биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар Маҷористон, соли 2000-ум – барандаи медали тиллои қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Навоии Узбакистон, соли 2005 – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Майамии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 2006 - барандаи медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳон байни варзишгарони ҳирфаӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, соли 2008 – барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Палм бичи иёлати Флоридаи Амрико.

Натиҷаи беҳтаринаш дар сеҳарба 950 килограмм ва дар як навъи рақобатҳо – бардоштани вазна то камарбанд – 345 килограмм мебошад.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG