Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16).
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16).

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА (Созмони футболи Аврупо), ки аз 3-юм то 8-уми май дар Македонияи Шимолӣ баргузор мешавад, ширкат меварзад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар шаҳри Скопе мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо дастаҳои Македонияи Шимолӣ (3-юми май), Ҳондурас (5-уми май) ва Косово (8-уми май) бозӣ мекунад. Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад.

Баъди анҷоми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ футболбозони навраси тоҷик ба Душанбе бармегарданд ва дар қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола, ки аз 11-ум то 21-уми май дар пойтахти Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, иштирок хоҳанд кард.

Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1-ум


3-юми май (сешанбе)

19:00 – Македонияи Шимолӣ – Тоҷикистон
19:00 – Косово – Ҳондурас

Даври 2-юм


5-уми май (панҷшанбе)


19:00 – Ҳондурас – Тоҷикистон
19:00 – Македонияи Шимолӣ – Косово

Даври 3-юм


8-уми май (якшанбе)


14:00 – Тоҷикистон – Косово
20:00 – Македонияи Шимолӣ – Албания

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

XS
SM
MD
LG