Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти бинокорони бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ


Коргарони норозӣ дар назди масҷиди бузургтарин дар Нурсултон, 21-уми апрел
Коргарони норозӣ дар назди масҷиди бузургтарин дар Нурсултон, 21-уми апрел

Як гуруҳ аз бинокорони, ба гуфтаи мақомоти қазоқ, бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар шаҳри Нурсултон аз таъхир дар пардохти маошашон шикоят доранд.

Ҳудуди 30 бинокор рӯзи 21-уми апрел бо талаби пардохти маошашон дар назди бинои масҷид ҷамъ шуданд. Ба гуфтаи ҷамъшудаҳо, мақомот моҳи гузашта даҳҳо кормандеро, ки пардохти маошашонро талаб карданд, аз кор ронданд.

Намояндаи ширкати сохтмонӣ Вагир Исаев ба назди эътирозгарон рафта, гуфтааст, шикояти онҳо асос надорад ва таъхир дар рафти пардохти маош ба маҳдудиятҳои бонкӣ рабт дорад.

"Дар ҳоли ҳозир бо "Алфа-бонк" мушкил пеш омадааст. Мо пулҳои фиристодашударо наметавонем дастрас кунем ва барои ҳалли ин мушкил дар бонки дигар ҳисоб боз кардаем, то маоши кормандонро тавассути он пардозем," -- изҳор доштааст ӯ.

Кормандон ба гуфтаи намояндаи ширкат бовар накарданд ва таҷаммуъро идома доданд.

XS
SM
MD
LG