Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" шонси ба 1/8 финали Лигаи қаҳрамонҳои AFC баромаданро аз даст дод


Дастаҳои "Истиқлол" ва "Ал-Ҳилол".
Дастаҳои "Истиқлол" ва "Ал-Ҳилол".

Бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон, ки дар даври чаҳоруми мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 дар минтақаи “Ғарб” аз тими “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд, баъди чаҳор бохти пайиҳам шонси ба ҳаштякфинал баромаданро аз даст дод.

Бозии қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» муқобили барандаи феълии Лигаи қаҳрамонҳои AFC - “Ал-Ҳилол” шаби 19-ум ба 20-уми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, дар варзишгоҳи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд, баргузор шуд.

Бозӣ комилан бо бартарии мизбонон сурат гирифт ва онҳо ба дарвозаи футболбозони тоҷик се голи беҷавоб заданд. Ду голро Одион Игало дар нимаи аввали дидор ба самар расонид. Тӯби сеюмро Салим Ал-Давсарӣ дар охири бозӣ (90+2) ба дарвозаи «Истиқлол» ворид кард.

Бояд гуфт, ки “Истиқлол” се рӯз пеш дар ин варзишгоҳ дар даври сеюми мусобиқа низ аз тими “Ал-Ҳилол” бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд.

Ба ин тартиб, “Ал-Ҳилол”, ки дар ҳамаи чаҳор бозиаш пирӯз шуд, дар ҷадвали гурӯҳи «А» бо 12 имтиёз ҷои аввалро касб кардааст. “Истиқлол” бошад, бидуни имтиёз дар ҷои охирин қарор дорад.

Сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои ду даври охирин “Истиқлол” бо раҳбарии Виталий Левченко аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқа маҳрум шуд.

“Ал-Райён”-и Қатар бо 7 имтиёз ҷои дуюм ва “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо 4 имтиёз ҷои сеюмро соҳиб шудаанд. Зимнан, дар бозии ин ду даста дар даври чаҳорум, ки 19-уми апрел доир гардид, қатариҳо бо ҳисоби 3:1 пирӯз гаштанд.

Даври панҷуми мусобиқа дар гурӯҳи «А» рӯзи шанбеи 23-юми апрел доир мегардад. «Истиқлол» бо «Ал-Райён» ва «Ал-Ҳилол» бо «Шарҷа» бозӣ мекунанд.

Дастури мусобиқа

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар ду минтақа – “Ғарб” ва “Шарқ” – сурат гирифтааст. Бозиҳо дар минтақаи Ғарб дар Арабистони Саудӣ, дар шаҳрҳои Риёз (гурӯҳҳои «А» ва «В»), Ҷидда (гурӯҳи «С»), Бурайда (гурӯҳи «D») ва Даммом (гурӯҳи «Е»), то рӯзи 27-уми апрел идома меёбанд.

Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа ҳамагӣ 40 даста иштирок дорад. Тибқи низомномаи мусобиқа аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Бозиҳои ҳаштякниҳоӣ дар минтақаи «Ғарб» 3-юм ё 4-уми феврали соли 2023 баргузор мешаванд. Бозиҳои чорякниҳоӣ 7-уми феврал, нимфинал – 10-уми феврали соли оянда доир мегарданд.

Финали Лигаи қаҳрамонҳи АFC аз ду бозӣ иборат аст. Бозиҳо 19-ум ва 26-уми феврали соли 2023 баргузор хоҳанд шуд. Бозии аввал дар майдони бошгоҳи финалисти минтақаи «Ғарб» ва бозии ҷавобӣ дар майдони бошгоҳи финалисти минтақаи «Шарқ» доир мегарданд.


Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

«ИСТИҚЛОЛ» «АЛ-РАЙЁН» 2:3

Голҳо: Шаҳром Сулаймонов, 3 (1:0). Ёсин Браимӣ, 8 (1:1). Йоҳан Боли, 44 (1:2). Муҳаммад Исоев, 66 (2:2). Йоҳан Боли, 71 (2:3).

8-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.

«АЛ-ҲИЛОЛ» «ШАРҶА» - 2:1

Даври 2-юм

«ШАРҶА» - «ИСТИҚЛОЛ» –– 2:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 29 (0:1). Кайо Лукас Фернандес, 54 (1:1). Бернард Анисио, 57 (2:1).

11-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.

«АЛ-ҲИЛОЛ» «АЛ-РАЙЁН » - 3:0

Даври 3-юм

«АЛ-ҲИЛОЛ» «ИСТИҚЛОЛ» - 1:0

Гол: Салмон Ал-Фараҳ, 52.

Сардовар: Аҳмад Абубакр (Умон).

15-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд. 13 158 тамошобин.

«ШАРҶА» «АЛ-РАЙЁН» - 1:1

Даври 4-ум

«ИСТИҚЛОЛ» – «АЛ-ҲИЛОЛ» - 0:3

Голҳо: Одион Игало, 8 (0:1). Одион Игало, 33 (0:2). Салим Ал-Давсарӣ, 90+2 (0:3).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Рустам Ятимов (Муҳриддин Ҳасанов, 11), Владислав Касминин, Искандар Ҷалилов, Никита Чичерин, Далер Имомназаров, Шервонӣ Мабатшоев (Алиҷон Кароматуллозода, 46), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов (Муҳаммад Исоев, 46), Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Манучеҳр Ҷалилов (Эрик Бокум, 58).

19-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд. 10 241 тамошобин.

«АЛ-РАЙЁН» - «ШАРҶА» -3:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

“АЛ-ҲИЛОЛ” (Арабистони Саудӣ)

4

4

0

0

9-1

12

2

“АЛ-РАЙЁН” (Қатар)

4

2

1

1

7-7

7

3

“ШАРҶА” (Имороти Муттаҳидаи Араб)

4

1

1

2

5-7

4

4

“ИСТИҚЛОЛ” (Тоҷикистон)

4

0

0

4

3-9

0

Даври 5-ум

23-юми апрел (шанбе)

«Ал-Райён» – «Истиқлол»

«Шарҷа» - «Ал-Ҳилол»

Даври 6-ум

27-уми апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» – «Шарҷа»

«Ал-Ҳилол» – «Ал-Райён»

Гурӯҳи «В»:
«Ал-Ҷазира» (ИМА), «Ал-Шабоб» (Арабистони Саудӣ), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон), «Эйр Форс» (Ироқ)

Даври 1-ум, 8-уми апрел:

  • Мумбай Сити - Ал-Шабоб - 0:3
  • Ал-Ҷазира - Эйр Форс - 1:2

Даври 2-юм, 11-уми апрел:

  • Эйр Форс - Мумбай Сити - 1:2
  • Ал-Шабоб - Ал-Ҷазира - 3:0

Даври 3-юм, 14-уми апрел:

  • Ал-Ҷазира - Мумбай Сити - 1:0
  • Эйр Форс - Ал-Шабоб - 1:1

Даври 4-ум, 18-уми апрел:

  • Мумбай Сити - Ал-Ҷазира - 0:0
  • Ал-Шабоб - Эйр Форс - 3:0

Баъди чаҳор давр дар гурӯҳи «В» «Ал-Шабоб» бо 10 имтиёз пешсаф аст. «Эйр-Форс» ва «Ал-Ҷазира» 4-имтиёзӣ, «Мумбай Сити» як имтиёз гирифтаанд.

Ба ҷуз аз «Истиқлол», дар мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 аз Осиёи Марказӣ дар минтақаи “Ғарб” боз се бошгоҳ - «Аҳал»-и Туркманистон (гурӯҳи “С”), инчунин ду даста аз Узбекистон - «Пахтакор»-и Тошканд (гурӯҳи “D”) ва «Насаф»-и Қаршӣ (гурӯҳи “Е”) - ҳунарнамоӣ мекунанд

Гурӯҳи «С»:

  • «Фулод» (Эрон), «Шабоб Ал-Аҳлӣ» (Имороти Муттаҳидаи Араб), «Аҳал» (Туркманистон), «Ал-Ғарафа» (Қатар)

Даври 1-ум, 7-уми апрел:

  • Фулод - Ал-Ғарафа - 0:0
  • Аҳал - Шабоб Ал-Аҳлӣ - 1:1

Даври 2-юм, 10-уми апрел:

  • Шабоб Ал-Аҳлӣ - Фулод - 1:1
  • Ал-Ғарафа - Аҳал - 2:0

Даври 3-юм, 14-уми апрел:

  • Фулод - Аҳал - 1:0
  • Ал-Ғарафа - Шабоб Ал-Аҳлӣ - 1:1

Даври 4-ум, 18-уми апрел:

  • Аҳал - Фулод - 0:1
  • Шабоб Ал-Аҳлӣ - Ал-Ғарафа - 8:2

Баъди чаҳор давр дар гурӯҳи «С» «Фулод» бо 8 имтиёз пешсаф аст. «Шабоб Ал-Аҳлӣ» 6 имтиёз, «Ал-Ғарафа» 5 имтиёз ва «Аҳал» як имтиёз гирифтаанд.

Гурӯҳи D:
«Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Сипоҳон» (Эрон), «Пахтакор» (Узбекистон), «Ат-Таавун» (Арабистони Саудӣ)

Даври 1-ум, 7-уми апрел:

  • Пахтакор - Сипоҳон - 1:3
  • Ал-Дуҳайл - Ат-Таавун - 1:2

Даври 2-юм, 10-уми апрел:

  • Ал-Таавун - Пахтакор - 0:1
  • Сипоҳон - Ал-Дуҳайл - 0:1

Даври 3-юм, 14-уми апрел:

  • Ал-Дуҳайл - Пахтакор - 3:2
  • Ал-Таавун - Сипоҳон - 3:0

Даври 4-ум, 18-уми апрел:

  • Пахтакор - Ал-Дуҳайл - 0:3
  • Сипоҳон - Ал-Таавун - 1:1

Баъди чаҳор давр дар гурӯҳи “D” «Ал-Дуҳайл» бо 9 имтиёз пешсаф аст. «Ат-Таавун» 7 имтиёз, «Сипоҳон» 4 имтиёз, «Пахтакор» 3 имтиёз доранд.

Гурӯҳи «Е»:
«Ал-Садд» (Қатар), «Ал-Файсалӣ» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Ваҳдат» (Урдун), «Насаф» (Узбекистон)

Даври 1-ум, 8-уми апрел:

  • Ал-Садд - Насаф - 1:1
  • Ал-Ваҳдат - Ал-Файсалӣ - 0:1

Даври 2-юм, 11-уми апрел:

  • Ал-Файсалӣ - Ал-Садд - 2:1
  • Насаф - Ал-Ваҳдат - 2:0

Даври 3-юм, 15-уми апрел:

  • Ал-Садд - Ал-Ваҳдат - 5:2
  • Насаф - Ал-Файсалӣ - 0:1

Даври 4-ум, 19-уми апрел:

  • Ал-Ваҳдат - Ал-Садд – 3:1
  • Ал-Файсалӣ – Насаф – 0:0

Баъди чаҳор давр дар гурӯҳи “Е» «Ал-Файсалӣ» бо 8 имтиёз пешсаф аст. «Насаф» 5 имтиёз, «Ал-Садд» ва «Ал-Ваҳдат» 4-имтиёзӣ гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG