Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷаласаҳои СБП ва БҶ муҷозоти Русияро баҳс мекунанд


Ҷенет Йеллен, вазири молияи ИМА
Ҷенет Йеллен, вазири молияи ИМА

Як мақоми Вазорати молияи Амрико рӯзи 18-уми апрел гуфт, вазир Ҷенет Йеллен ният дорад, дар ҷаласаи инҳафтаинаи Сандуқи Байнулмилалии Пул аз ҳамкорон тақозо кунад, ки Русияро барои ҳуҷум ба Украина ҷазои иқтисодии бештар диҳанд.

Йеллен гуфтааст, аз таъсири ҷанг ба иқтисоди ҷаҳон, аз ҷумла, ба афзоиши ноамнии ғизоӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд “амиқан нигарон” аст.

Дар изҳороти хабарии Вазорати молияи Амрико омадааст, ҳафтаи ҷорӣ дар ҷараёни ҷаласаҳои баҳории Сандуқи Байнулмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Вашингтон Йеллен бо нахуствазири Украина Денис Шмигал ҳам сӯҳбат хоҳад кард. Дар ин ҷаласаҳои солона Украина ва таъсири ҷанг ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон мавзӯи марказӣ мешавад.

Дар иттилоия омадааст, Йеллен дар мулоқот бо Шмиҳал "дастгирии қавии маъмурияти Байден аз мардуми Украинаро баён мекунад, ки барои ҳимоят аз ҷону ватани хеш баланд шудааст".

Ӯ инчунин аз зарурати “ба ҷавобгарӣ кашидани Русия ва таъмини Украина бо кумакҳо” суҳбат хоҳад кард.

Намояндаи Вазорати молияи Амрико, ки хабарнигоронро дар бораи нақшаҳои кори Йеллен огаҳ кард, гуфт, агар намояндагони Русия ҳамроҳ шаванд, ӯ дар ин ҷаласаҳо иштирок нахоҳад кард. Қарор аст, рӯзи 20-уми апрел дар ҷаласаи Гурӯҳи кишварҳои 20 намояндагони Вазорати молияи Русия ҳам иштирок кунанд.

XS
SM
MD
LG