Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти Саодат ва Исфандиёр. Мақомот ваъдаҳои худро иҷро карданд? ВИДЕО


Исфандиёри Ҳамроҳхон ва Саодат Хоҷаева

Радиои Озодӣ пас аз солҳо ба суроғи ду қаҳрамони гузориши худ рафт, ки ҳоло чӣ кор мекунанд ва оё дар зиндагияшон тағйире пеш омадааст ё не. Яке Саодат Хоҷаева, сокини ноҳияи Восеъ аст, ки бо пой кор мекунад ва дигаре Исфандиёри Ҳамроҳхон, сокини ноҳияи Муъминобод аст, ки бо даст роҳ мегардад.

"Ба суроғам омаданд, вале..."

Саодат Хоҷаева баръакси дигарон ҳамаи корро бо пой анҷом медиҳад. Радиои Озодӣ соли 2019 дар бораи зиндагии ӯ гузориш дод. Пас аз он раисҷумҳур дар паёми солонааш аз ӯ ситош карду даҳҳо мансабдор ба хонаи ӯ шитофтанд.

Саодат Хоҷаева
Саодат Хоҷаева

Хонум Хоҷаева мегӯяд, аз ҳамон сол то ҳол мансабдорон ба хонааш равуо доранд ва аз ҳолаш мепурсанд. "Раиси ноҳия омад, пурсид, ки чӣ хидмат кунам? Чӣ камбуд доред? Гуфтам, шукр, чизе талаб накардам. Ҳоло дандонамро бепул муолиҷа мекунанд, кофист," – нақл кард ӯ рӯзи 18-уми апрел.

Дар оғози соли соли 2020 раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода, ба хонаи Саодат Хоҷаева рафта, дастур дода буд, ки манзили ӯро пурра таъмир кунанд, вале иҷро нашудааст. "Пули таъмири атрофи хона, ҳаммом ва маоши коргаронро надоданд. Рости гап. Ба ҳаминаш ҳам шукр, ношукрӣ намекунам," – мегӯяд Хоҷаева.

Нафақаи Саодат Хоҷаева се сол пеш 130 сомонӣ буд, ҳоло то 325 сомонӣ афзудааст.

"Даҳ бор рафтам, замин надоданд"

Аммо қаҳрамони дигари мо, Исфандиёри Ҳамроҳхон, сокини 31-солаи ноҳияи Муъминобод, мегӯяд, мақомот ба ваъдаҳои додаи худ то ҳол вафо накардаанд.

Ӯ баръакси дигарон бо даст роҳ мегардаду дар пушташ сӣ кило бор мекашонад. Худаш ва ҳамсараш Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлобро хатм кардаанд, аммо ба сабаби набудани ҷойи кор рӯзгорашро бо чарондани гови мардум ва мардикорӣ мегузаронад.

Исфандиёри Ҳамроҳхон
Исфандиёри Ҳамроҳхон

"Як фарзанд доштам, ҳозир соҳиби ду фарзанд ҳастам. Фақат бо қувваи даст кор мекунам. Кор шуд, мекунам ва бо пули он ба кӯдакон ягон чиз мехарам," – мегӯяд ӯ.

Исфандиёр барои гирифтани як порча замин барои бунёди манзил хеле талош кардааст, вале бидуни натиҷа. Мегӯяд, аз ночорӣ худ хишт рехту дар як гӯшаи ҳавлии падар хона сохт: "Ҳамин қадар рафтаву омадам, замин медиҳем гуфтанду надоданд. Хонаро сохтам, вале зӯрам намерасад, ки боляшро бипӯшонам."

Тибқи қарори расмӣ ба Исфандиёри Ҳамроҳхон замин дода шудааст, вале ӯ мегӯяд, заминро надид.

Нақли пурраи қаҳрамонҳои моро дар навор бинед:

Саррнавишти қаҳрамонони Радиои Озодӣ баъди пахши гузоришҳо чӣ шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG