Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Даст надорам, бо пой гулдӯзӣ мекунам". ВИДЕО


Пойҳои Саодат Хоҷаева, сокини 40-солаи деҳаи Пушёни Поёни ноҳияи Восеъ, кори дастонашро иҷро мекунад. Ӯ маълули модарзод аст, аммо ба тақдир тан надода ва худро аз дастнигарӣ раҳондааст.

Саодат мегӯяд, аз хурдӣ бо пой кор карданро ёд гирифт. Вай бо як дасту як пой тамоми корҳои имконпазири хонаро анҷом медиҳад. Шустушӯи либос ва ба бар кардани либоси се кӯдакашро низ бар уҳдаи касе намегузорад.

Мегӯяд, хона мерӯбад, либос мешӯяд, бо як даст хамир мекунаду хӯрок мепазад ва дар пояш "селофан" печонда пиёзу картошка пӯст меканад.

Тоҷиддин Маҳмадалиев, шавҳари Саодат, маъюби ҷанги Афғонистон аст. Қаблан се бор издивоҷ кард, аммо ҳар се зан ба сахӣтиҳои зиндагии маъюбонаи Тоҷиддин аз ӯ ҷудо шудаанд. Ҳоло ӯ мегӯяд, дар интихоби Саодат хато накард ва онҳо бо се фарзанд рӯзгори осуда доранд.

"Саодат ба хонаи холааш меомад. Ба хонаи мо низ меомад. Баъд шинос шудем. Гуфтам, ман ҳам маъюб, ӯ ҳам маъюб. Якдигарро хуш кардем. Бо маслиҳат издивоҷ намудем. Ҳоло шукри Худо, соҳиби се фарзанд ҳастем," -- мегӯяд Тоҷиддин Маҳмадалиев.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Даст надорам, бо пой гулдӯзӣ мекунам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Тоҷиддин Маҳмадалиев 200 сомонӣ ва Саодат Хоҷаева 130 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегиранд. Барои таъмини рӯзгор ва тарбияи фарзандон Тоҷиддин деҳқонӣ ҳам мекунад. Киштукори замини назди ҳавлӣ ва ҳама кори дигари хонавода бар дӯши Саодат аст.

Ба изофа, Саодат бо як дасту пой гулдӯзӣ ва чеварӣ мекунад, то онро фурӯшанд ва рӯзгорашонро пеш баранд. Саодат Хоҷаева мегӯяд, гулдӯзиҳояшоро бо нархҳои гуногун, аз 5 то 10 сомонӣ ба фурӯш мегузорад.

Ҳамсояҳо мегӯянд, Саодат онгуна пуркор ва ҳамсояи хубест, ки онҳо ӯро маъюб намешуморанд. Зеро дар маросиму маъракаҳои ҳамсояҳо ҳамеша ҳузур дорад ва мисли занҳои дигар кумак мекунад.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед.

Шарҳҳоро бинед (9)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG