Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисӣ: Агар Исроил зидди Эрон амал кунад, ҳадаф қарор мегирад


Иброҳим Раисӣ
Иброҳим Раисӣ

Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон, ҳушдор дод, ки агар Исроил алайҳи Теҳрон амале анҷом диҳад, нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ Телавивро ҳадаф қарор хоҳанд дод.

Раисӣ рӯзи 18-уми апрел дар маросиме ба муносибати рӯзи артиши он кишвар хитоб ба Исроил гуфт, "агар хурдтарин ҳаракате аз тарафи Шумо алайҳи миллати Эрон рух диҳад, маркази режими саҳюнистӣ ҳадафи нерӯҳои мусаллаҳи мо хоҳад буд."

Теҳрон аз соли 1979, замони пирӯзии инқилоби исломӣ Исроилро ба расмият намешиносад ва аз гурӯҳҳои зиддиисролӣ дар Ховари Миёна назири "Ҳамос"-и Фаластин ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон пуштибонӣ мекунад.

Теҳрон ҳамчунин Исроилро масъули харобкорӣ дар таъсисоти ҳастаии худ ва террори донишмандони ҳастаияш медонад.

Исроил мухолифи созиши ҳастаӣ миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ аст. Ин кишвар мегӯяд, ба ҳеч созише пойбанд нахоҳад буд ва дар ниҳоят метавонад иқдоме якҷониба алайҳи таъсисоти ҳастаии Эрон анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG