Дастаи “Хатлон”-и Бохтар баъди натиҷагирии даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 16-17-уми апрел доир шуд, дар ҷадвал пешсаф аст.
Футболбозони “Хатлон” дар даври сеюми мусобиқа дар майдони худ – варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар – дастаи «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуданд. Дар ҳамин ҳол бохтариҳо бо 7 имтиёз дар ҷадвал мақоми аввалро азони худ кардаанд.
Клуби марказии варзишии артиши шаҳри Душанбе (КМВА), ки дар меҳмонӣ тими «Равшан»-и Зафарободро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, бо 6 имтиёз дар ҷадвал ба зинаи дуюм баромад. Низомиён як бозӣ камтар анҷом додаанд.
Се даста - «Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан, “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва “Файзканд”-и Восеъ – чаҳоримтиёзӣ дошта, мутаносибан дар ҷойҳои 3-5-ум қарор доранд.
«Истаравшан» аз бозии даври сеюм озод буд. Бозии «Хуҷанд» бо «Файзканд», ки дар Варзишгоҳии марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.
Дар бозии дигари даври сеюм дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ аз тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 23-24-уми апрел баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе «Равшан»-и Кӯлоб бо «Равшан»-и Зафаробод ва «Истаравшан» бо «Регар-ТадАЗ» бозӣ мекунанд. Рӯзи якшанбе ду бозии дигар миёни дастаҳои «Хуҷанд» - КМВА ва «Файзканд» - «Хатлон» - баргузор мешавад.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2022
Лигаи олӣ. Даври 3-юм
«Файзканд» – «Хуҷанд» – 0:0
16-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.
«Регар-ТадАЗ» – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:1
Гол: Коуасси Инносент, 37.
16-уми апрел. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 860 тамошобин.
«Хатлон» – «Эсхата» – 3:2
Голҳо: Санҷар Рихсибоев, 43 (0:1). Нуриддин Ҳамроқулов, 69 (1:1). Санҷар Рихсибоев, 84 (1:2). Тони Бикатал, 88 (2:2). Парвиз Боқӣ-Охунов, 90+1 (3:2).
Аз майдон хориҷ шуд: Муҳаммадҷон Насков («Хатлон»), 77 – барои дашном додани сардовари бозӣ.
17-уми апрел. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 3000 тамошобин.
«Равшан» (Зафаробод) – КМВА – 0:2
Голҳо: Шарафҷон Солеҳов, 43 – аз пеналти (0:1). Шарафҷон Солеҳов, 79 (0:2).
17-уми апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 2200 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1 |
«Хатлон» (Бохтар) |
3 |
2 |
1 |
0 |
6-3 |
7 |
2 |
КМВА (Душанбе) |
2 |
2 |
0 |
0 |
3-0 |
6 |
3 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
2 |
1 |
1 |
0 |
5-0 |
4 |
4 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
3 |
1 |
1 |
1 |
3-1 |
4 |
5 |
«Файзканд» (Восеъ) |
3 |
1 |
1 |
1 |
3-6 |
4 |
6 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
2 |
1 |
0 |
1 |
2-3 |
3 |
7 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
3 |
1 |
0 |
2 |
4-6 |
3 |
8 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
3 |
0 |
1 |
2 |
2-4 |
1 |
9 |
«Равшан» (Зафаробод) |
3 |
0 |
1 |
2 |
2-7 |
1 |
10 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
0 |
0 |
0 |
0 |
0-0 |
0 |
Голзанҳои пешсаф: Санҷар Рихсибоев («Эсхата») – 3 тӯб, Мбеке Сиябатчу Деудони, Отабек Зокиров (ҳарду аз «Истаравшан»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА) – 2-тӯбӣ.
Даври 4-ум
23-юми апрел (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:30
«Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод)
«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ»
24-уми апрел (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:30
«Хуҷанд» – КМВА
«Файзканд» – «Хатлон»
Ҷавонон ояндаи милатандне ояндатон зиндон аст.
Дар Узбекистон ҳукумати хонводаги сохтаниян Тоҷикистон барин.
Агар фиреби ваъдаи холиро хуранд бой медиханд шавкатхам муздури хоҷаи ҷаноб аст хамашона путин регирофка мекна инхоро хатто хоҷаашон ваъдахилоф аст
Ин президенти Узбекистон хам аз Пешвои мо омухтааст диктаториро. Дар урфият мегуяндку "харбуза а харбуза ранг мегирад, хамсоя а хамсоя".
Хитоб ба радиои озоди !!! Илтимос ба радиои озодии каракалпокистон расонед ки фирефтаи суханони макомот ва Шавкати диктатор нашаванд . Дар Помир мана руи рушод аьзохои гурухи 44 ро хамаашро зиндону катл карданд . Онхо низ хозир вада медиханд равед митинг накунед як гурух ташкил дихед аз юристон чомеаи шахрванди , хамин хел вада медиханду Бад охиста охиста дона ба дона дуздида зиндону катл мекунанд ... Расонед ба онхо ки аз мо Дарси ибрат гиранду ба ин котилони давр Як зарра бовар накунанд ... Гапа бинед Шавкат Чи мегуяд ?! 🤣 Чи хел шумо Манро нагуфтед ки халк норози АСТ 🤣🤣🤣🤣 бовар кунед издиваца аз инда дигар зиёд намешавад !!! Халкро гов хисоб мекунанд ин диктаторон