Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Силоҳҳои қудратманд" ба Украина мерасанд


Украина. Акс аз бойгонӣ.
Украина. Акс аз бойгонӣ.

Интиқоли аслиҳа, муҳимоти ҷангӣ ва дигар кӯмакҳои бахши амниятӣ, ки аз ИМА ба Украина дар доираи бастаи охири кӯмакҳои 800 мллиондолларӣ ирсол шуда буданд, ба Украина мерасанд. Дар ин бора телевизиони CNN ​бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати Амрико иттилоъ дод.

Ба иттилои CNN, президенти ИМА Ҷо Байден интиқоли аслиҳаро ба Украина ҳафтаи гузашта тасдиқ карда буд.

Вашингон бори аввал аст, ки розӣ ба интиқоли аслиҳаи қудратманд ба Киев, аз ҷумла 11 чархоби Ми-17, 300 бесарниши навъи Switchblade ва дигар муҳимоти ҷангӣ шудааст. Бархе аз мақомдорони амрикоӣ гуфтанд, интиқоли аслиҳаи қудратманд ба Украина ҷангро шиддат мебахшад.

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи шанбеи 16 апрел дар суҳбат бо расонаҳои кишвараш гуфт, ки ИМА, Бритониё, Лаҳистон ва чанд кишвари дигар "ҳоло аз украинҳо на чандон бад ҳимоят мекунанд". "Аммо метавонанд, ҳимояти бештар кунанд. Дақиқан метавонанд, бештар ҳимоят кунанд", - афзуд Зеленский.

XS
SM
MD
LG