Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба сарбозони "Азов" муҳлат дод, таслим шаванд. Зеленский ҳушдор дод


Тонки низомиёни рус дар шаҳри Мариупол
Тонки низомиёни рус дар шаҳри Мариупол

Русия ба сарбозону афсарони воҳиди низомии “Азов”, ки дар корхонаи "Азовсталь"-и шаҳри бандарии Мариупол дар муҳосираанд, фурсат дод, то таслим шаванд.

Вазорати мудофиаи Русия дар як эълон гуфт, ки аз соати 6-и субҳ то 13-и нисфирӯзии 17-уми апрел ба низомиён вақт медиҳад, то парчами сафедро боло кунанд ва силоҳояшонро гузоранд.

Владимир Зеленский, президенти Украина ҳушдор дод, ки агар Русия низомиёнро бикушад, дигар бо ин кишвар музокира нахоҳанд кард.

Нерӯҳои воҳиди “Азов”, ки Русия онро ифротӣ меномад, аз оғози ҳамлаи Русия ба хоки Украина дар Мариупол сарсахтона муқобили низомиёни рус ҷангиданд. Русия мегӯяд, ҳоло ҳудуди 2,5 ҳазор низомиёни “Азов” дар муҳосира ҳастанд ва агар таслим нашаванд, кушта мешаванд.

Мақомоти Украина низ тасдиқ мекунанд, ки низомиён дар муҳосира ҳастанд ва дар шароити сахт қаҳрамонона муқобилият нишон медиҳанд.

Владимир Зеленский, президенти Украина рӯзи 16-уми апрел дар суҳбат бо нашрияи "Украинская правда" гуфт, ки “агар онҳо сарбозони моро аз байн бубаранд, ҳама гуна музокирот бо Русия қатъ хоҳад шуд.”

Аз оғози ҳамлаи бесабаби Русия ба Украина намояндагон ин кишвар барои расидан ба сулҳ музокирот мекунанд, вале ҳанӯз ба ҳеҷ пешравие даст наёфтаанд.

Ҳоло ҷаҳон бештар ба шаҳри Мариупол таваҷҷӯҳ кардааст, ки Русия иддао дорад, онро таҳти назорат дорад ва гурӯҳе аз низомиёни боқимонда низ дар муҳосираанд.

Вазорати дифои ин кишвар пештар гуфта буд, ки беш аз ҳазор низомии украинӣ дар ин шаҳр таслим шуд. Мақомоти украинӣ инро рад карданд.

Дар натиҷаи ҷанги Русия бо Украина ин шаҳри бандарӣ хароб шудааст. Мақомоти Украина мегӯянд, бо сабабе, ки дар ин шаҳр ҷанг давом дорад, шумораи қурбониён маълум нест.

XS
SM
MD
LG