Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими Арабистони Саудӣ «Истиқлол»-и Тоҷикистонро шикаст дод


Акс аз бойгонист.

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври сеюми мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 аз бошгоҳи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Бозии қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» муқобили барандаи феълии Лигаи қаҳрамонҳои AFC - “Ал-Ҳилол” шаби 15-ум ба 16-уми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, дар варзишгоҳи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд, баргузор шуд.

Нимаи аввали бозӣ комилан бо бартарии мизбонон сураг гирифт. Тӯб 78 дар сад дар ихтиёри онҳо буд. Аммо ҳуҷумҳои пайиҳами футболбозони араб натиҷа надод. Ба онҳо зарбаҳои нишонрас намерасид. Дар баъзе мавридҳо дарвозабони меҳмонон Рустам Ятимов маҳорати баланд зоҳир намуда, “Истиқлол”-ро аз чандин гол эмин дошт.

Дар ибтидои нимаи дуюми бозӣ ҳуҷуми “Ал-Ҳилол” бо гол анҷомид. Тӯбро капитан ё сартими даста Салмон Ал-Фараҳ дар дақиқаи 52-юм аз назди дарвоза ба ҳадаф расонд. Ин голи ягона ба “Ал-Ҳилол” се имтиёз овард.

Бояд гуфт, ки бозигарони тоҷик дар ин дидор ду лаҳзаи хуби голзанӣ доштанд. Дар нимаи аввал тӯби аз масофаи дур бо зарбаи сахт задаи Нуриддин Давроновро дарвозабони мизбонон дошт. Дар охири бозӣ, дар дақиқаи 80-ум, тӯби задаи капитани “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов ба сутуни дарвоза барӯрд.

Ҳамин тариқ, “Истиқлол” дар мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар гурӯҳи “А” бори сеюм ба нокомӣ мувоҷеҳ шуд. Қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар даври аввал аз бошгоҳи «Ал-Райён»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 ва дар даври дуюм аз тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд, ҳоло дар ҷадвали сабқати гурӯҳи “А” бидуни имтиёз дар ҷои охирин қарор дорад.

“Ал-Ҳилол” бошад, аз ин пеш бар “Шарҷа” бо ҳисоби 2:1 ва “Ал-Райён” бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд ва дар ҳамин ҳол дар ҷадвали ин гурӯҳ бо 9 имтиёз ҷои аввалро касб кардааст.

“Шарҷа” ва “Ал-Райён” бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро соҳиб шудаанд. Ин ду даста 15-уми апрел дар даври сеюм бо ҳам рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Даври чаҳоруми мусобиқа дар гурӯҳи «А» рӯзи сешанбеи 19-уми апрел доир мегардад. «Истиқлол» бо «Ал-Ҳилол» ва «Ал-Райён» бо «Шарҷа» бозӣ мекунанд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаи Ғарб дар Арабистони Саудӣ то рӯзи 27-уми апрел идома меёбад. Бозиҳо дар шаҳрҳои Риёз (гурӯҳҳои «А» ва «В»), Ҷидда (гурӯҳи «С»), Бурайда (гурӯҳи «D») ва Даммом (гурӯҳи «Е») барпо мегарданд.

Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

«ИСТИҚЛОЛ» – «АЛ-РАЙЁН» – 2:3

Голҳо: Шаҳром Сулаймонов, 3 (1:0). Ёсин Браимӣ, 8 (1:1). Йоҳан Боли, 44 (1:2). Муҳаммад Исоев, 66 (2:2). Йоҳан Боли, 71 (2:3).

8-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.

«АЛ-ҲИЛОЛ» «ШАРҶА» - 2:1

Даври 2-юм

«ШАРҶА» - «ИСТИҚЛОЛ» –– 2:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 29 (0:1). Кайо Лукас Фернандес, 54 (1:1). Бернард Анисио, 57 (2:1).

11-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.

«АЛ-ҲИЛОЛ» «АЛ-РАЙЁН » - 3:0

Даври 3-юм

«АЛ-ҲИЛОЛ» «ИСТИҚЛОЛ» - 1:0

Гол: Салмон Ал-Фараҳ, 52.

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Владислав Касминин, Искандар Ҷалилов, Никита Чичерин, Муҳаммадҷон Раҳимов (Далер Имомназаров, 68), Шервонӣ Мабатшоев, Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Мухаммад Исоев (Ислом Зоиров, 59), Эрик Бокум (Рустам Соиров, 46), Манучеҳр Ҷалилов (капитан).

Огоҳӣ: Муҳаммадҷон Раҳимов, Далер Имомназаров («Истиқлол»).

Сардовар: Аҳмад Абубакр (Умон).

15-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд. 13 158 тамошобин.

«ШАРҶА» «АЛ-РАЙЁН» - 1:1

Голҳо: Бернард, 45 (1:0), Стеван Зонзи, 65 (1:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «А»

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

“АЛ-ҲИЛОЛ” (Арабистони Саудӣ)

3

3

0

0

6-1

9

2

“ШАРҶА” (Имороти Муттаҳидаи Араб)

3

1

1

1

4-4

4

3

“АЛ-РАЙЁН” (Қатар)

3

1

1

1

4-6

4

4

“ИСТИҚЛОЛ” (Тоҷикистон)

3

0

0

3

3-6

0

Даври 4-ум

19-уми апрел (сешанбе)

«Истиқлол» – «Ал-Ҳилол»

«Ал-Райён» - «Шарҷа»

Даври 5-ум

23-юми апрел (шанбе)

«Ал-Райён» – «Истиқлол»

«Шарҷа» - «Ал-Ҳилол»

Даври 6-ум

27-уми апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» – «Шарҷа»

«Ал-Ҳилол» – «Ал-Райён»

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG