Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содир Ҷабборов гуфтааст, раванди таъйини марз бо Тоҷикистон суст аст


Содир Ҷабборов гуфтааст, пеш аз ҳама сулҳ лозим аст, то хати марз бо Тоҷикистон кашида шавад.
Содир Ҷабборов гуфтааст, пеш аз ҳама сулҳ лозим аст, то хати марз бо Тоҷикистон кашида шавад.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон Cодир Ҷабборов гуфтааст, ба назари ӯ ҷараёни таъйину аломатгузории марзи кишвараш бо Тоҷикистон оҳиста пеш меравад ва “хуб мешуд, агар ин раванд зудтар мебуд.”

Ӯ рӯзи 15-уми апрел дар як паёми кӯтоҳе дар Фейсбук навиштааст: “Ба назари ман раванд оҳиста аст. Сабаб он аст, ки қитъаҳои баҳсӣ зиёд аст.”

Дар ишорае, ки зоҳиран ба ҷанҷолу хунрезиҳои батакрор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст, Содир Ҷабборов гуфтааст, “Пеш аз ҳама сулҳ зарур аст, сипас мо метавонем, масъаларо ба нафъи ду тараф ҳал кунем.”

Ба қавли ӯ аз ҳисоби 972 километр марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон 664 километри он мувофиқа шуда, 308 километри дигар мондааст. Бино ба охирин оморе, ки аз ду тараф нашр мешуд, Тоҷикистону Қирғизистон 519 километр марзи муштаракашонро мувофиқа кардаанд.

Баёнияи раиси ҷумҳури Қирғизистон як ҳафта баъд аз мулоқоти гуруҳҳои кории харитасозии ду кишвар нашр шуд, ки аз 5 то 10-уми апрел дар Душанбе мулоқот доштанд ва як ёддоште ҳам имзо карданд. Расонаҳои Қирғизистон бештар шудани минтақаҳои мувофиқашуда дар марз, ё мувофиқа сари 145 километри дигарро натиҷаи кори ин гуруҳҳо номидаанд. Мақомоти Тоҷикистон ба баёнияи Содир Ҷабборов ҳануз вокунише накардаанд ва дар бораи мувофиқат сари минтақаҳои дигар хабаре надодаанд.

Аз замони ба истиқлол расидани Тоҷикистону Қирғизистон дар 30 соли пеш дар манотиқи таъйину аломатгузориношудаи байни ду кишвар садҳо ҷанҷолу муноқиша бархоста ва ба хунрезӣ кашидааст. Аз ҷумла рӯзи 12-уми апрел дар натиҷаи тирандозӣ дар байни сарҳадбонони ду кишвар як марзбони тоҷик ҳалок ва як нафари дигар маҷруҳ шуд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, аз тарафи онҳо 6 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Содир Ҷабборов чанде пеш ваъда дод, ки қасд дорад, то поёни давраи раёсати ҷумҳуриаш, ки соли 2026 хотима меёбад, масъалаи таъйину аломатгузории марзҳои Қирғизистонро ҳал кунад. Ӯ гуфт: “Мушкиле, ки 30 сол боз ҳал нашудааст, эҳтиёткории зиёд ва оянданигариро мехоҳад. Музокирот ҳаст. Километрҳои зиёде муайян нашудаанд ва ин вақт мегирад. Худо хоҳад, ман ният дорам, ки ин масоилро то поёни президентиам ҳал кунам.”

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта Қирғизистонро ба аҳдшиканӣ ва содиқ набудан ба санадҳои имзошуда байни ду кишвар муттаҳам кардаанд. Ду тараф ҳам дар моҷарову хунрезиҳо дар марз якдигарро гунаҳкор мекунанд.

Яке аз бадтарин муноқиша байни ду кишвар рӯзҳои 28-30-уми апрели соли 2021 сурат гирифт, ки дар натиҷа ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон аз он тараф 36 нафар ва аз Тоҷикистон 19 нафар кушта шуданд. Даҳҳо тани дигар аз ҳарду тараф ҷароҳат бардоштанд. Бо вуҷуди 1300 километр марзи муштарак бо Афғонистони ноором, дар ин марз талафоте, ки марзбонони тоҷик додаанд, дар муқоиса ба талафот дар марз бо Қирғизистон камтар аст.

XS
SM
MD
LG