Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев охири моҳи май ба Қирғизистон меравад


Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов (Жапаров)
Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов (Жапаров)

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев охири моҳи майи имсол ба Қирғизистон сафар мекунад. Дар ин бора Содир Ҷабборов (Жапаров), президенти Қирғизистон, ҳангоми мулоқот бо ноиб-сарвазири Узбекистон Сардор Умурзоқов дар шаҳри Бишкек хабар дод.

Ҷабборов гуфт, ки ташрифи Мирзиёев ба Қирғизистон муносибатҳои ду кишварро ба сатҳи нав хоҳад расонид.

Президенти Қирғизистон афзуд, Узбекистон шарики муҳими хориҷӣ ва стратегии кишвараш аст.

Умурзақов гуфт, ки ҳадаф аз сафараш ба Қирғизистон омодагӣ ба ташрифи Мирзиёев аст.

Содир Ҷабборов моҳи марти соли гузашта ба Тошканд рафта буд. Он замон миёни Узбекистону Қирғизистон 22 санади ҳамкорӣ имзо шуд.

Пештар хабар расида буд, ки президенти Узбекистон рӯзҳои 26-27-уми май ба Қирғизистон хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG