Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал дар байни 118 кишвар дар ҷои 56-ум аст


Tajikistan,Dushanbe city, Tajikistan national futsal team
Tajikistan,Dushanbe city, Tajikistan national futsal team

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар рейтинг ё радабандии ҷаҳонӣ, ки дар сайти futsalworldranking.be 14-уми апрел нашр шудааст, дар байни 118 кишвар бо 940 имтиёз дар ҷойгоҳи 56-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии футзали Осиё мақоми 12-умро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1584 имтиёз дар зинаи 6-ум) қарор дорад. Ҷопон дувум (дар ҷаҳон 15-ум, 1353 имтиёз) ва Тайланд севум (дар ҷаҳон 21-ум, 1280 имтиёз) мебошанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Арманистон (57-ум), Латвия (59-ум), Туркманистон (64-ум), Литва (68-ум) ва Эстония (113-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон (7-ум), Узбекистон (25-ум) ва Қирғизистон (45-ум) ҷойгир шудааст.

Дар феҳристи нави ҷаҳонӣ мунтахаби футзали Бразилия бо 1796 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Испания бо 1754 имтиёз дар зинаи дувум мебошад. Португалия ва Аргентина бо 1744-имтиёзӣ зинаи севумро соҳиб шудаанд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Русия (1687 имтиёз), Эрон (1584 имтиёз), Қазоқистон (1557 имтиёз), Парагвай (1501 имтиёз), Италия (1453 имтиёз) ва Хорватия (1450 имтиёз) дохиланд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар Бишкеки Қирғизистон дар гурӯҳи «В» ҷои дуюмро гирифт ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки аз 25-уми сентябр то 20-уми октябри имсол дар Кувайт бо ширкати 16 дастаи зӯртарини қора доир мегардад, роҳ ёфт.

Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби Тоҷикистон бозии аввалинро бо тими милллии Афғонистон бо ҳисоби мусовии 4:4 анҷом дода, баъдан дастаи Непалро бо ҳисоби 11:1 шикаст дод ва дар бозии охирин аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 2:5 мағлуб шуд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Узбекистон бо 9 имтиёз ғолиби гурӯҳ гардид. Тими миллии Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз ҷои дуюмро касб намуд. Ҳарду даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ пайдо кард.

Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки аз 10-ум то 12-уми апрел дар Бишкек дар ду гурӯҳ сурат гирифт, ба ҷуз аз Узбекистону Тоҷикистон (гурӯҳи «В»), тимҳои миллии Эрону Туркманистон (гурӯҳи «А») ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифтанд.

Қаблан ҳашт дастаи мунтахаб – Лубнон, Баҳрайн, Ироқ, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Тайланд, Умон ва Ветнам – дар мусобиқаи интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфта буданд. Мунтахаби Кувайт ба ҳайси мизбон дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа иштирок мекунад.

Ба ин тартиб, ба 13 дастаи зикршуда се тими мунтахаби миллӣ аз минтақаи Шарқӣ пайваст хоҳад шуд. Зимнан аз байни 13 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки то ҳоло муайян шудааст, тимҳои миллии Эрон, Узбекистон ва Тайланд дар ҳамаи 16 финали мусобиқа иштирок кардаанд.

Тими миллии Тоҷикистон борҳо дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат варзидааст ва натиҷаи беҳтарини даста ҷои панҷум мебошад.

XS
SM
MD
LG