Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии сеюми "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 бо "Ал-Ҳилол" баргузор мешавад


Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври сеюми мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 бо бошгоҳи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад.

Бозии қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» муқобили барандаи феълии Лигаи қаҳрамонҳои AFC - “Ал-Ҳилол” шаби 15-ум ба 16-уми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Бозӣ дар варзишгоҳи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд соати 23:15 бо вақти маҳаллӣ (соати 01:15 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

“Истиқлол”, ки дар даври аввал аз бошгоҳи «Ал-Райён»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 ва дар даври дуюм аз тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд, ҳоло дар ҷадвали сабқати гурӯҳи “А” бидуни имтиёз дар ҷои охирин қарор дорад.

“Ал-Ҳилол” бошад, баъди ду пирӯзӣ бар “Шарҷа” бо ҳисоби 2:1 ва “Ал-Райён” бо ҳисоби 3:0 дар ҷадвали ин гурӯҳ ҷои аввалро касб кардааст. “Шарҷа” ва “Ал-Райён” бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро соҳиб шудаанд. Ин ду даста 15-уми апрел дар даври сеюм бо ҳам рақобат мекунанд.

Виталий Левченко, мураббии «Истиқлол», дар сомонаи бошгоҳ интизориҳои худро аз бозӣ бо «Ал-Ҳилол» иброз дошта, гуфтааст, "моро озмоиши душвор интизор аст. Бовар дорам, ки бозӣ муқобили барандаи феълии Лигаи қаҳрамонҳо ҷолибу пуршиддат сурат мегирад. Кӯшиш мекунем, ки ба натиҷаи мусбат ноил шавем.”

Зимнан, “Истиқлол” соли гузашта дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 бо “Ал-Ҳилол” ду бозӣ карда, нахуст бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд ва баъдан «Ал-Ҳилол»-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Порсол “Истиқлол” дар ҷадвали гурӯҳи “А” бо даҳ имтиёз дар зинаи аввал қарор гирифт. “Ал-Ҳилол” низ даҳ имтиёз ба даст овард ва ҷойи дуюмро касб кард. Ҳарду даста ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаи Ғарб дар Арабистони Саудӣ то рӯзи 27-уми апрел идома меёбад. Бозиҳо дар шаҳрҳои Риёз (гурӯҳҳои «А» ва «В»), Ҷидда (гурӯҳи «С»), Бурайда (гурӯҳи «D») ва Даммом (гурӯҳи «Е») барпо мегарданд.

Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

«ИСТИҚЛОЛ» – «АЛ-РАЙЁН» – 2:3

Голҳо: Шаҳром Сулаймонов, 3 (1:0). Ёсин Браимӣ, 8 (1:1). Йоҳан Боли, 44 (1:2). Муҳаммад Исоев, 66 (2:2). Йоҳан Боли, 71 (2:3).

8-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.

«АЛ-ҲИЛОЛ» «ШАРҶА» - 2:1

Даври 2-юм

«ШАРҶА» - «ИСТИҚЛОЛ» –– 2:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 29 (0:1). Кайо Лукас Фернандес, 54 (1:1). Бернард Анисио, 57 (2:1).

11-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.

«АЛ-ҲИЛОЛ» «АЛ-РАЙЁН » - 3:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

“АЛ-ҲИЛОЛ” (Арабистони Саудӣ)

2

2

0

0

5-1

6

2

“ШАРҶА” (Имороти Муттаҳидаи Араб)

2

1

0

1

3-3

3

3

“АЛ-РАЙЁН” (Қатар)

2

1

0

1

3-5

3

4

“ИСТИҚЛОЛ” (Тоҷикистон)

2

0

0

2

3-5

0

Даври 3-юм

15-уми апрел (ҷумъа)

«Шарҷа» – «Ал-Райён»

«Ал-Ҳилол» – «Истиқлол»

Даври 4-ум

19-уми апрел (сешанбе)

«Ал-Райён» - «Шарҷа»

«Истиқлол» – «Ал-Ҳилол»

Даври 5-ум

23-юми апрел (шанбе)

«Шарҷа» - «Ал-Ҳилол»

«Ал-Райён» – «Истиқлол»

Даври 6-ум

27-уми апрел (чоршанбе)

«Ал-Ҳилол» – «Ал-Райён»

«Истиқлол» – «Шарҷа»

XS
SM
MD
LG