Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз шонздаҳ тими миллии футзали иштироккунандаи Ҷоми Осиё-2022 сездаҳ даста муайян шуд


Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал, ки аз 25-уми сентябр то 20-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, бо ширкати 16 дастаи зӯртарини қора доир мегардад. То ҳоло 13 дастаи мунтахаби миллӣ маълум шудааст.

Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки аз 10-ум то 12-уми апрел дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар ду гурӯҳ сурат гирифт, чаҳор тими миллӣ – Эрону Туркманистон (гурӯҳи «А») ва Узбекистону Тоҷикистон ( гурӯҳи «В») – ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифтанд.

Қаблан ҳашт дастаи мунтахаб – Лубнон, Баҳрайн, Ироқ, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Тайланд, Умон ва Ветнам – дар мусобиқаи интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфта буданд. Мунтахаби Кувайт ба ҳайси мизбон дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа иштирок мекунад.

Ба ин тартиб, ба 13 дастаи зикршуда се тими мунтахаби миллӣ аз минтақаи Шарқӣ пайваст хоҳад шуд. Зимнан аз байни 13 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки то ҳоло муайян шудааст, тимҳои миллии Эрон, Узбекистон ва Тайланд дар ҳамаи 16 финали мусобиқа иштирок кардаанд.

Тими миллии Тоҷикистон борҳо дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат кардааст ва натиҷаи беҳтарини даста ҷои панҷум мебошад.

XS
SM
MD
LG