Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зодаи Тоҷикистон ҳангоми фирор аз Донетск дар садамае ҳалок шудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як зодаи Тоҷикистон ва ҳамсари украиниаш ҳангоми фирор аз вилояти Донетски таҳти назари ҷудоиталабони рӯ ба Русия ба самти Украина ба садама дучор шуда, ҷон бохтаанд.

Ҷасади Ёдалӣ Муборакшоеви 62-сола ва Татяна Муборакшоеваро рӯзи 13-уми апрел дар деҳаи Козелетсии вилояти Черниҳови Украина дафн карданд. Садама 9-уми апрели имсол, ҳангоме рух додааст, ки дар маҳалли ҳаракати онҳо тирпарронӣ шиддат гирифтааст.

Қисмате аз Донетск зери назорати нерӯҳои украинӣ қарор дорад ва қисми дигарро ҷудоиталабони наздик ба Русия идора мекунанд. Мақомоти кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Русия барои пурра зери назорат даровардани Донетск ба амалиёти низомии бузургтар омодагӣ мебинад.

Ҳамидулло, як муҳоҷири тоҷик аз вилояти Черниҳови Украина, 13-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд аз тирпарронӣ осеб надидаанд, вале ба нақли шоҳидон, талоши зудтар ба ҷойи амн расиданро доштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, Ёдалӣ Муборакшоев аз соли 1994 дар Донетск зиндагӣ мекард ва шаҳрвандии Украинаро дошт. Онҳо соҳиби ду фарзанд будаанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Украина низ ҳалокати ин зодаи Тоҷикистон ва ҳамсарашро тасдиқ карданд. Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, намояндаи онҳо дар маросими дафни зодаи Тоҷикистон иштирок дошт. "Аз рӯзи ҳодиса бо наздиконаш тамос доштем," -- гуфт ӯ.

Ин зодаи Тоҷикистон аз ҳудуде талоши берун шудан кардааст, ки яке аз маҳалҳои занозании аслии низомиёни рӯ ба Русия бо низомиёни Украина аст.

Бо ҳушдорҳои кишварҳои ғарбӣ, ки дар Донестк ҷанги сахте сурат хоҳад гирифт, ҳазорон нафар ин минтақаро тарк мекунанд.

Ҷанги бедалели Русия бо Украина рӯзи 24-уми феврал оғоз шуд ва то кунун давом дорад. Садҳо нафар куштаву захмӣ ва миллионҳо нафар аз Украина берун шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, наздик ба 3 ҳазор тоҷики муқими Украина то кунун аз ин кишвар берун шудаанд.

XS
SM
MD
LG