Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон ороиши занонро маҳдуд мекунанд


Ишқобод, соли 2022
Ишқобод, соли 2022

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон дар шаҳри Байрамлии он кишвар ба кошонаҳои ҳусн рафта, ба соҳибони кошонаҳо ҳушдор додаанд, ки баъзе аз хадамоти ороишӣ барои занону духтарон манъ хоҳад шуд.

"Мақомот огоҳ мекунанд, ки хидматрасониҳое чун ботокс, маҳв кардани ожангҳои рӯй, гузоштани мижа, афзоиши лабҳо ва истифодаи нохунҳои сунъӣ манъ карда шудаанд," -- гуфт корманди яке аз кошонаҳои ҳусн дар шаҳри Байрамлии Туркманистон рӯзи 11-уми апрел.

Ба гуфтаи ин корманд, мақомоти қудратӣ ҳеч санадеро ҳамчун асоси ин маҳдудият нишон надодаанд. Аммо ҳушдор додаанд, занҳое, ки чунин ороиш мекунанд, боздошт ва барои ҷарима мешаванд.

"Кормандони кошонаҳо ҳам барои расондани чунин хадамот ҷарима ё то 15 рӯз ҳабс хоҳанд шуд," -- гуфт корманди кошонаи ҳусн аз қавли мақомоти қудратии Туркманистон.

Маҳдудиятҳои ороиши занон дар Туркманистон нав нестанд. Солҳост, ки дар он кишвар чанд навъи ороиши занон манъ шудааст.

Моҳи июли соли гузашта дар вилояти Лебап чанде аз занон барои пӯшидани шими ҷинс, ранг кардани мӯи сар ва куртаҳои танг боздошт шуда буданд.

XS
SM
MD
LG