Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони кӯчдодашудаи Бодканд ба хонаҳояшон бармегарданд


Деҳаи Достук, Бодканд, 13-уми апрели 2022
Деҳаи Достук, Бодканд, 13-уми апрели 2022

Сокинони ноҳияҳои Лайлак ва Бодканди Қирғизистон, ки аз макони зисташон кӯчида буданд, дубора ба хонаҳояшон бармегарданд. Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон рӯзи 13-уми апрел хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, то нисфирӯзии 13-уми апрел вазъ дар марз ором аст. Қариб нисфе аз 17 ҳазору 799 сокине, ки манзилҳояшонро тарк карда буданд, мустақилона ба хонаҳояшон баргаштаанд.

Шоми 12-уми апрел дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дубора тирпарронӣ рӯй дод. ​Ҳодиса дар байни деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд ва деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Бодканд иттифоқ афтод.

Сокинони деҳаҳои назди марзии ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистонро ба ҷои дигар кӯчиданд. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, сокинони деҳаҳои "Мақсад", "Интернасионал", "Кулунду", "Достук", "Борбордук", "Арка" ва "Жаштик" дар робита ба вазъе, ки дар марз бо Тоҷикистон ба миён омадааст, ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.

Сокини деҳаи "Жаштик" Сарвар Турдубоев гуфта буд, дар деҳаи онҳо танҳо мардон мондаанд, ки ваъзро назорат мекунанд. "Мо садои оташкушоиро шунидем, ки ҳудуди нимсоат идома ёфт. Ҳоло ҳама ором аст. Занону кудакон ва пиронсолон аз деҳа рафтанд. Дар ҳамаи деҳаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳамин ҳолат аст," -- афзуд ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд. Ҷониби Қирғизистон гуфт, як сарбозаш маҷруҳ шуда, сокинони чанд деҳа ба ҷои амн кӯчидаанд.

XS
SM
MD
LG