Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказ ва Ҷануб дар Бишкеки Қирғизистон дар гурӯҳи «В» ҷои дуюмро гирифт ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки тирамоҳи имсол дар Кувайт баргузор мешавад, роҳ ёфт, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби Тоҷикистон бозии аввалинро бо тими милллии Афғонистон бо ҳисоби мусовии 4:4 анҷом дода, баъдан дастаи Непалро бо ҳисоби 11:1 шикаст дод ва дар бозии охирин аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 2:5 мағлуб шуд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Узбекистон бо 9 имтиёз ғолиби гурӯҳ гардид. Тими миллии Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз ҷои дуюмро касб намуд. Ҳарду даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ пайдо кард.

Мунтахаби Афғонистон низ чаҳор имтиёз гирифт, аммо таносуби тӯбҳои мунтахаби Тоҷикистон беҳтар аст, бинобар ин, роҳхати дуюм ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 насиби бозигарони тоҷик шуд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказ ва Ҷануб дар Бишкек дар гурӯҳи «А» бо иштироки дастаҳои мунтахаби Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Молдив шоми имрӯз, 12-уми апрел, ба поён мерасад.

Бар асоси натиҷагирии бозиҳои интихобӣ аз минтақаи Марказ ва Ҷануб ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки аз 22-юми сентябр то 20-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳ меёбанд. Ба ин тартиб, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ҳамагӣ 16 дастаи зӯртарини қора иштирок хоҳанд кард.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал:

Минтақаи Марказ ва Ҷануб. Гурӯҳи «В».

Даври 1-ум

Тоҷикистон Афғонистон 4:4

Голҳо: Муҳаммадҷон Шарипов, 1 (1:0). Файзалӣ Сардоров, 24 (2:0). Фарзод Маҳмудӣ, 25 (2:1). Абдулғаффор Содиқӣ, 26 (2:2). Идрис Ёров, 28 – ба дарвозаи худ (2:3). Ҳамид Ризо Ҳусайнӣ, 34 (2:4). Идрис Ёров, 37 (3:4). Идрис Ёров, 40 (4:4).

10-уми апрел. Бишкек. Маҷмааи варзишии «Газпром-Арена». 150 тамошобин.

Узбекистон – Непал – 5:1

Даври 2-юм

Непал – Тоҷикистон 1:11

Голҳо: Бишвас Паудел, 2 (1:0). Идрис Ёров, 7 (1:1). Умед Қузиев, 21 (1:2). Файзалӣ Сардоров, 25 (1:3). Файзалӣ Сардоров, 31 (1:4). Файзалӣ Сардоров, 32 (1:5). Шавкат Ҳалимов, 32 (1:6). Шавкат Ҳалимов, 33 (1:7). Умед Қузиев, 33 (1:8). Самандар Ризомов, 36 (1:9). Самандар Ризомов, 37 (1:10). Идрис Ёров, 37 (1:11).

11-уми апрел. Бишкек. Маҷмааи варзишии «Газпром-Арена». 50 тамошобин.

Афғонистон Узбекистон 1:5

Даври 3-юм

Узбекистон – Тоҷикистон – 5:2

Голҳо: Ҳусниддин Нишонов, 6 (1:0). Дилшод Саломов, 11 (1:1). Даврон Чориев, 20 (2:1). Дилшод Раҳматов, 23 (3:1). Акбар Усмонов, 32 (4:1). Файзалӣ Сардоров, 34 (4:2). Даврон Чориев, 40 (5:2).

12-уми апрел. Бишкек. Маҷмааи варзишии «Газпром-Арена».

Афғонистон – Непал – 8:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Узбекистон

3

3

0

0

15-4

9

2

Тоҷикистон

3

1

1

1

17-10

4

3

Афғонистон

3

1

1

1

13-10

4

4

Непал

3

0

0

3

3-24

0

XS
SM
MD
LG